Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ЭКСКУРСИЯ ДАР ОСОРХОНА

User Rating:  / 2
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Шиносоӣ бо таъриху фарҳанги ниёгон яке аз муҳимтарин вазифаҳои осорхонаҳо мебошад. Дар ин маврид гузаронидани сайри илмӣ дар осорхона бисёр муҳим аст.

    Сайри илмӣ – ин бо роҳнамоии роҳбалад аз рӯи хатти сайри муайян  бо мақсади донишомӯзӣ, маърифатӣ, ҳадафҳои илмию таълимӣ, қонеъгардонии талаботи зебопарастӣ ва истифодаи пурсамари вақти холӣ тамошои дастҷамъии осорхона, мавзеъҳои таърихӣ, гӯшаҳои табиат, намоишҳо ва дигар нуқтаҳои таърихию фарҳангист. 

   Хусусияти хоси кори экскурсионӣ ин гуфтугӯи роҳбалад бо тамошобини осорхона аст. Дар рафти экскурсия дар асоси саводи экспозитсия, осорхона вазифаи таълимӣ - тарбиявии худро амалӣ менамояд. Яъне, асоси кори экскурсионӣ ин ҷалби диққати тамошобин ба осори таърихӣ ва бедор кардани дарку фаҳмиши тамошобин аст. Пурмазмунии экскурсия ин аз нақли мураттаби роҳбалад вобаста буда, бо тартиб нишон додани нигораҳо ба хулосабарории тамошобин оиди мавзӯъ кӯмак менамояд. Аслӣ будани нигораҳои намоишӣ бошад, ҳиссиёти омӯзиши амиқи мавзӯъро дар шахс бедор менамояд. Аз ин хотир, пурра аз худ намудани методҳои экскурсионӣ яке аз вазифаҳои зарурии кормандони илмӣ ва роҳбаладони осорхона аст, ки мунтазам бо тамошобин дар тамосанд. Талаботи асосӣ ба роҳбалад ин аст, ки нигораҳои осорхонаро ба қадри кофӣ омӯхта бошад ва диққати тамошобинро ба худ ҷалб карда тавонад, таърихи Ватани худро нағз донад, нутқи бурро, одоби шоиста ва дониши кофии таърихӣ дошта, аз ӯҳдаи таҳлили воқеаҳои таърихии гузаштаву имрӯза баромада тавонад. Илова бар ин, роҳбалад бояд чун омӯзгор асосҳои педагогиву психологиро барои ҳама зинаҳои таълим (кӯдакони синни то мактабӣ, хонандагони мактаби миёна, донишҷӯёни мактабҳои олӣ, меҳмонону сайёҳон) аз худ намуда, асосҳои кори осорхонашиносиро донад.

  Ҳар як экскурсия таркиби ба худ хос  дошта, он асосан аз се қисм иборат аст: сӯҳбати муқаддимавӣ, рафти экскурсия ва сӯҳбати хулосавӣ. 

      Ҳамин тариқ, ташкил ва гузаронидани экскурсия яке аз роҳҳои ҷалби тамошобин ба тамошои осорхона аст. Барои мисол, бо истифода аз чунин воситаҳои коргузорӣ дар соли 2021 аз тарафи роҳбаладони осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба 14134 нафар тамошобинони ватаниву хориҷӣ сайри илмӣ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекӣ гузаронида шуд. Аксарияти меҳмонон фикру андешаҳои худро дар китоби “Мулоҳизоти меҳмонон” қайд намудаанд. Аз он маълум мегардад, ки тамошобинон аз тамошои осорхона ва баргузории сайри илмӣ қаноатманд ҳастанд.

Сайфиева Шарифа-роҳбалад

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЭКСКУРСИЯ ДАР ОСОРХОНА
Scroll to Top