Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳаккокӣ дар маснуоти мисгарӣ

User Rating:  / 4
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Мисгарӣ – яке аз касбҳои маъмули тоҷикон; ҳунари аз мис сохтани зарфҳо, зеварҳо ва олоти рӯзгор, аслиҳа ва ашёи мухталиф аст.

Тибқи маълумоти маъхазҳои таърихӣ, ниёгони тоҷикон аз замонҳои қадим  ба гудохтани мис ва аз он сохтани кулоҳу камарбанд, хафтон, аслиҳаи ҷангӣ, кузаву лаълӣ ва зарфҳои дигар оғоз карда будаанд. То давраи исломӣ аз мис ниёгони тоҷикон зиёдтар зебу зинати мардонаву занона – дастпона, ангуштарӣ ва гӯшвор месохтанд. Истеҳсоли зарфҳои мисӣ истисно набуд, аммо зарфҳои мисӣ дар ин давра кам ва начандон мунаққаш сохта мешуданд.

Авҷи аълои мисгарии тоҷикон ба давраи Сомониён (асриХ) рост меояд. Истеҳсоли маснуоти мисӣ дар ин давра хеле равнақу ривоҷ ёфта буд. Дар Бухоро пойтахти давлати Сомониён чароғи мисӣ, чилим, сандуқчаҳо ва дар Самарқанд  дегу кӯза ва ҷомҳои нафиси мисӣ месохтанд. Дар ин давра дар шаҳрҳои марказии тоҷикон аввал ва дӯконҳои ҷудогона ва баъдтар маҳаллаҳои мисгарӣ ташаккул меёбанд.

Мисгарон маснуоти мисиро пас аз тайёр шудан бо гулқалам ҳаккокӣ мекарданд ё бо қолабҳои чӯбӣ гул мепартофтанд. Навъҳои хеле маъмули ашёи мисии устоҳои тоҷик офтоба, кӯза, дастшӯ, чойҷӯш, чойник, лаълӣ, туфдон, чилим, носкаду, чароғ, шамъдон, чилобчин, дӯлча, сархумӣ, мисғилоф, карнай, усмаҷӯшак, харбузатарошак, ҷом, чилкалид, кашкӯл, гулдон, сурмадон, қаламдону рангдон ва ғайра буданд.

Нақшҳои зарфҳои мисиро ба чор гурӯҳи асосӣ: ислимӣ, ҳандасӣ, зооморфӣ ва эпиграфӣ тақсим кардан мумкин аст. Хусусияти хос ва хеле муҳими нақши зарфҳои мисии тоҷикон аз он иборат  аст, ки ҳар як нақш номи алоҳидаи худро дорад. Барги бед, барги маҷнун, бодом, бодоми сарбаргӣ, бодоми сармадохил, бодоми пушти моҳӣ, бутта, гулдона, гули ғӯза, мадохили дурафтора, гулъизори Ироқ, ислимии бодом, ислимии қаламфур, ислимии муғча, ислимии нимхишт, меҳроби барги бед, баргак, баргаки калон (шоҳбарг), себарга, гули ихтиёр, гули нав, ҳаштгул, маҷнунбарг, гули машъал, чорбарга машҳуртарин нақшҳои навъи ислимии зарфҳои мисӣ мебошанд. Дар солҳои 20 – 40-уми асри XX дар баробари нақшҳои анъанавӣ тасвирҳои ситораи панҷгӯша, досу болға, ғӯзаи пахта ва дигар рамзҳои идеологияи Шӯравӣ дар ороиши маснуоти мисӣ истифода мешуданд.       

Ба гурӯҳи нақшҳои зооморфӣ дар мисгарӣ асосан тасвироти ҳайвону парандаҳо ба монандӣ: шери болдор, саги шикорӣ, заргӯш, тавус ва ғайраҳо дохил мешаванд. Ба нақшҳои ҳандасӣ (шаклҳои геометрӣ) нақшҳои хати рост, ҷуфтхат, ромб, шашкунҷа, секунҷа, чоркунҷа ва монанди инҳо дохил мешаванд. Зарфҳои бо нақшҳои эпиграфӣ иборат аз оёти қуръонӣ ва  абёти классикони форсу тоҷик ба монанди Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Бедил ва Ҷомӣ дар шакли катибаҳои кӯфӣ, насх, настаълиқ ва сулс зебу зиннат медоданд.

Намунаҳои зиёди маснуоти мисии ҳаккокишуда дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” махфуз буда, беҳтарини онҳо дар экспозитсияи намоишӣ ба маърази томошобинон барои муаррифӣ намудани таъриху маданияти тоҷикон ба меҳмонони ватаниву хориҷӣ гузошта шудааст.

 

                                                                           Корманди илмии шӯъбаи

                                                                           таърихи давраи муосир

                                                                           Исломова Сайфияхон

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОҲаккокӣ дар маснуоти мисгарӣ
Scroll to Top