Баргак, навъи маснуоти заргарие, ки мансуби ороиши занон буда, аз тило, нуқра ва мис сохта мешавад. Баргак аз 12-16 медалёни сикказада (андозааш 2,5х1см) иборат аст. Ин унсури ороишро «барги тӯморча» ё «барги найза» низ меноманд. Баргак дар санъати заргарии тоҷикон маълум буда, дар гарданбанд, пешонибанд, қоши тило, тӯмор, овезаҳои гӯшвориҳо истифода мешуд. Баргак бештар дар шимоли Тоҷикистон ва шахри Самарқанд маъмул буд. Дар Панҷакент, Истаравшану Хуҷанд, Самарқанду Бухоро, Фарғонаву Тошканд баргакро аз тило, нуқра ва мис сохта, бо сангҳои гаронбаҳо ва арзишашон пасттар оро дода, дар гарданбанд хамрохи марҷон истифода мекарданд. Дар Кӯлобу Қаротегин баргакро дар вақти арусӣ ҳамчун ороиши сар, пеш ва баъд аз арусӣ ба сифати зеби гардан истифода мебурданд. Се навъи баргак маълум аст: 1)Баргак- зеби пешона ё сар 2)Баргак- зеби гардан, ки шаклан шабеҳи барги бед , сафедор ва тухми харбузаю офтобпараст мебошад 3)Баргак- гӯшвори ки дар шакли барги тут сохташудаю маркази он бо санги лаъл ва даври он бо овезаҳои марҷон оро дода шудааст.
Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз намуди ороиши заргарӣ баргак, зеби пешона , яъне пешонибанд мавҷуд аст. Пешонибанд дар асрхои Х1Х ва ХХ, дар байни занону духтарон хело васеъ истифода бурда мешуд. Пешонибанд аз метали зард, ки ба руяш нақшҳои тунукагини тилои ва нуқрагин насб карда мешуданд. Ҳар як заргар услуби хоси худро дошт ва пешонибандро бо услубҳои гуногун месохтанд. Айни ҳол дар маъхази осорхона, пешонибанди аз метал сохташуда аз 14 лавҳачаҳои чоркунҷа, ки дар марказаш марҷони рангаш норинҷи ва атрофи онро ба намуди давра бо марҷончаҳои кабуд оро ёфтааст, мавҷуд аст. Дар қисмати болои лавҳачаҳо 3 адад лавҳачаи нимдаврашакл мавҷуд аст, ки бо шишасанги рангаш сурх ва сиёҳ, ки атрофаш бо марҷончаҳои кабуд оро ёфтааст. Дар поёни лавҳачаҳо, овезаҳо ба намуди гулча ва баргча мавҷуд аст. Ин мавод аз ҷониби сокини ш. Хуҷанд, Абдуллоев Музаффар ба осорхона дастрас шудааст.
Пӯотова Нигорахон
корманди илмии шӯъбаи таърихи
МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд»