Аҷуба як навъ лухтаки гилӣ, ки шакли ғайриодию ҳайратангез дорад. Услуби аҷубасозӣ як бахши ҳунари кулолӣ аст, ки ба сохтани бозичаҳои гилӣ ва сафолӣ марбут мебошад. Кулолон аз гил аҷубаҳои гуногун ба сурати аждаҳо, махлуқоти тахайюлии тарсангез, пайкарчаҳои ҷонварон, ҳуштак ва ғайра сохта, дар ҷойи соя хушк мекунанд. Сипас дар танӯри махсуси аҷубапазӣ бозичаҳоро дар оташи паст дар давоми як шабонарӯз мепазанд. Сипас бозичаҳоро аз танӯр берун оварда, сир медавониданд ва рангу бору ороиш медоданд.
Тибқи маълумоти устои аҷубасоз Эргашбой Ғафуров ва дигар устоҳои Истаравшанӣ аҷубаро аз қадим дар хонаҳо мегузоштанд, ки ҳар гуна махлуқҳои зиёнрасон таъсир расонида натавонанд. Инчунин касе, ки бо нияти нопок ва чашми бад ба он хона ворид шавад, чашмаш ба аҷубаи ваҳмангез бархӯрда, бе таъсири мешудааст. Яъне аҷуба чашми бадро мебурад ва сеҳру ҷодуро мегардонидааст. Чеҳра ва бадани аҷубаҳо ба ҳеҷ ҷонвар монанд набуда, вобаста ба тахайюли эҷодии усто шакли тарсовар мегирад. Он бозичаи дасти бачагон набуда, балки аз қадим он ашёи нигаҳбони хона будааст. Дар коллексия фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 12 адад аҷубаҳо мафуз аст, ки қисмате аз онҳо дар экспозитсияи намоишии осорхонаи таърихӣ ва Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ ба маъразӣ тамошо гузошта шудааст.
М.Мамадҷонова – мудири шуъбаи таърихи
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”.