Санаи 21.01.2022 меҳмонон аз давлати Ӯзбекистон бо сарварии раиси ҳунармандони вилояти Суғд Ёқубов Муҳаммадҷон ба Муассисаи давлатии маҷмааи фарҳангию таърихи “Қалъаи Хуҷанд”ташриф оварданд. Онҳоро омири кулли маҷмаа Иброҳимов Иброҳим қабул намуда, аз боғи Камоли Хуҷандӣ шинос намуданд. Баъди сайри боғ меҳмонон аз муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ, мақбара ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ диданд намуданд. Дар Хона-музей роҳбалад Тошматова Таҳмина онҳоро пазироӣ намуд. Расулҷон Мирзоахмедов раиси ҳунармандони вилояти Фарғона ва Валиев Ҷаҳонгир раиси ҳунармандони вилояти Намангон ва дигарон аз санъатҳои миллии тоҷикони асримиёнагӣ ва ҳунарҳои волои ноёгонамон огоҳӣ пайдо намуданд. Дар тадрисгоҳ байни меҳмонону намояндагон ва кормандон гуфту шунид доир ба истеҳсоли қоғаз ва таърихӣ он шуда гузашт. Дар коргоҳи қисми занона маркази таълимӣ ташкил карда шудааст, аз он ҷо низ дидан ба амал оварданд. Ба ҳунармандон ва ба матоъҳои истеҳсол кардаи онҳо баҳои баланд доданд.
Баъди анҷоми ташриф меҳмонон дар китоби хотирот таманниёти неки хешро навишта хотима бахшиданд.
Тошматова Т. – роҳбалади Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ