Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Роҷеъ ба як китоби муаррих Нӯъмон Неъматов

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Нӯъмон Неъматов 5-марти соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд чашм ба дунё кушодааст. Соли 1940 донишҷӯи шӯъбаи кирмакпарварии Техникуми кишоварзии шаҳри Хуҷанд гардид ва соли 1945 техникуми мазкурро хатм намуд. Солҳои 1941-1942 дар бахши мошинатарошкории мактаби механикони соҳаи кишоварзии Ленинобод фаолият намудааси. Барои маъмурияти корӣ ба маркази мошинҳо ва тракторҳои (МТС) Ӯротеппа (Истаравшан) фиристота  шуд. Солҳои 1944-1948 донишҷӯи факултети таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М.Киров гардид. Дар соли 1947 узвият дар сафҳои Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Солҳои 1948-1952 аспиранти Шӯъбаи ленинградии Пажӯҳишгоҳи таърихи маданияти моддии Академияи илмҳои ИҶШС гардидааст  ва соли 1953 рисолаи номзадии илмии худро дар мавзӯи “Устуршана в VII-X милодӣ ( дар асосӣ сарчашмаҳои хаттӣ ва бостоншиносӣ) дифоъ кард. Номзади илмҳои таърих, ходими хурди илмии шӯъбаи бостоншиносӣ ва сиккашиносии Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ Академияи Илмҳои Тоҷикистон. Дар байни солҳзои 1997-2010 ҳамчун сардабири илмии нашрияи “Центрально Азиатские гуманитарые исследования” Пажӯҳишгоҳи улуми инсони ЮНЕСКО дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаолият бурдааст. Солҳои 1997-1999 бошад, мушовири илмӣ дар бунёди Маҷмӯаи таърихи ва меъморию фарҳангии Ваҳдат дар Душанбе гардид. Дар солҳои 2002-2007 аъзои Шӯрои илмии байналхалқи Пажӯҳишгоҳи давлатии мероси мадании халқи Туркманистон, Осиёи Марказӣ ва Шарқ дар назди Президенти Туркманистон буда. Нӯъмон Негматов аз донишмандон ва муаррихони шинохтаи тоҷик буда, дар тӯли умри худ яанд китобҳои гаронбаҳоро таълифу тасниф кардааст, ки ба таври зайланд: “Найти начало начал”, “Ариана и Арйанведжа”, “Диле пур аз меҳр”, “Древняя Уструшана: города,их локализация и хронология, Концепсия истории дипломатии таджикского народа”, “Прародина Ариев”, “Тадқиқоти гуманитарии Осиёи Марказӣ”, ”Давлати Сомониён” ва ғайра мебошад. Китоби “Давлати Сомониён”, ки меҳвари мақолаи мо мебошад, оиди  таърих ва фарҳанги давлатдории Тоҳириён (821-873), Саффориён (873-903), Сомониён (819-999) мебошад. Китоб аз сарсухан  феҳрист ва нӯҳ боб иборат буда, боби якум: Таъсиси давлати Сомониён. Боби дуюм: Ҳудуди давлати Сомониён. Боби саввум: Иқтисодиёти Мовароуннаҳр ва Хуросон дар асрҳои IX-X . Боби чорум: Устувор шудани сохти феодалӣ ва тезу тунд гардидани зиддиятҳои синфӣ. Боби панҷум: Маданияти халқи тоҷик дар асрҳои IX-X. Боби шашум: Маданияти моддӣ. Боби ҳафтум: Илм дар асрҳои  IX-X. Боби ҳаштум: адабиёт ва мусиқӣ дар асрҳои  IX-X. Боби нуҳум: Анҷоми ташаккули халқи тоҷик. Китоб дорои таърихи сиёсӣ,иқтисодӣ ва урфу одатҳои қадимаи ҳамон давраро дарбар мегирад.

         Китоб дар асоси сарчашмаҳои хаттӣ ва мадракоти ҳафриёти археологӣ таълиф гардида, барои доираи воқеи хонандагон барои ононе,ки таъриху маданияти халқи хешро азизу гиромӣ медоранд, пешниҳод шудааст.

Баротова М. – корманди илмии

МД МФТ “”Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРоҷеъ ба як китоби муаррих Нӯъмон Неъматов
Scroll to Top