Дар таърихи инсоният ҳеҷ тамаддуни бузург дар алоҳидагӣ ва бе барпо намудани робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ бо дигар мардумони олам вуҷуд надоштааст. Табиист, ки ҳеҷ гуна робитаи миёни тамаддунҳо ва мардумони қавмҳои гуногунро бе вуҷуди инфрасохтори нақлиётӣ ё худ роҳҳо наметавон тасаввур кард.
Аз қадимтарин роҳҳои пайвандсози тамаддунҳои ҷаҳон, аз ҷумла Шарқу Ғарб “Шоҳроҳи Лоҷвард”(Лазуритовый путь) “Шоҳроҳи Абрешим” ва “Роҳи Шоҳон” маъруфияти бештар доштанд.
Роҳи Бузурги Абрешим, роҳи корвонгарди қадим ва асрҳои миёна яке аз бузургтарин роҳҳои тиҷоратӣ дар таърихи бостони аҳли башар аст. Ин шоҳроҳ аз қаламрави кишвари Чин оғоз ёфта, шохаҳои он чун рагҳои хунгард то ба гӯшаҳои гуногуни Авруосиё ва Африқои шимолӣ паҳн гардида буд. Шараёни он ҳамчун тору пуди заминҳои миёни се уқёнуси ҷаҳонӣ – Ором, Ҳинд ва Атлантика рисолати пайвандгарӣ доштанд. Ин на танҳо роҳи тиҷоратӣ, балки пули бузурги иқтисодию фарҳангӣ миёни Шарқу Ғарб буд. Муҳимтарин роҳи Шоҳроҳи Бузурги Абрешим аз заминҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистони имрӯза низ мегузашт, ки сокинони Суғдзамин сорбонии корвонҳоро бар дӯш доштанд.
Барои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Ғарб моли аз ҳама ҷолибу арзишманди Чин албатта абрешим буд. Ин моли бозоргир тавассути шохаҳои сершумори роҳҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ ба тамоми ҳудуди Авруосиё ва Африқои Шимолӣ интиқол дода мешуд. Аз ин мамлакатҳо бошад, маҳсулоти ҳунармандӣ мебурданд.
Дар толори “Таъриху тамаддуни тоҷикон”-и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ харитаи Роҳи Бузурги Абрешим ба маърази тамошо гузошта шудааст. Дар ин харита роҳҳои корвонгузар, ки дар асри I мелодӣ фаъол буданд, инъикос ёфтааст. Шаҳри Хуҷанд дар чорроҳаи маркази Роҳи Бузурги Абрешим қарор дошт.
Дар рӯзгори кунунии мо низ Роҳи Бузурги Абрешим ҳамчун роҳи тиҷоратию фарҳангӣ омили эҳёгари анъанаҳои дӯстӣ ва ҳамгироии фарҳангӣ ва иқтисодию тиҷоратӣ байни минтақаҳои гуногуни ҷаҳони имрӯза аҳамияти худро гум накардааст.
Ёдгори Аслиниссо-мудири шӯъбаи
оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа