Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рассоми боистеъдод ва наққоши моҳир

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Наққошони тоҷик анъанаҳои беҳтарини санъати ҳунармандони  гузаштаро эҷодкорона идома дода, равияҳо мактабҳои санъати наққоширо боз ҳам такмил ва пурғановат намудаанд. Яке аз давомдиҳандагони анъана ва ҳунари наққошии аҷдодӣ усто Ҳакимҷон Саидов мебошад, ки дар тӯли фаъолияти пурмаҳсули худ дар ин ҷода асарҳои зиёди пурмӯҳтаворо офаридааст.

Саидов Ҳакимҷон  (1920-1994) дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Падараш Саидов Мирсиддиқ  дар ҳайси тарҷумон кор ва фаъолият бурдааст. Модаркалони Ҳакимҷон гулдӯзи моҳир буда, барои дар оянда мусаввири беҳтарину боистеъдод шудани наберааш саҳм гузоштааст.

Саидов Ҳакимҷон солҳои 1937 дар омӯзишгоҳи  рассомии шаҳри Самарқанд таҳсилкарда аст. Ҳангоми таҳсил сирру асрори нақшу нигори миллии тоҷикиро, ки аз шаклҳои ҳандасавӣ “гиреҳ” ва гулу растанӣ -“ислимӣ” иборатанд, аз устодони худ Ходимони Хизматнишондодаи санъати ҷумҳурии Ӯзбекистон Бенков П.П, Бурэ Л.Л, Ковалевская З.М, усто Ширин Муродов ва наққоши тошкандӣ Абдуғанӣ Файзиев омӯхтааст. Соли 1941 Саидов Ҳ. кори дипломӣ; нақшу нигори чойхонаи ба номи Алишер Навои  дар шаҳри Самарқандро иҷро намуд ва омӯзишгоҳи рассомии шаҳри  Самарқандро (ҳозира омузишгоҳи рассомии Ҷумҳуриявии ба номи Сенкова П.П шаҳри Тошканд) бо мувафақият хатм намуд.

 13 июли соли 2007-ум писараи Саидов Ҳакимҷон Мирзоумари наққош ба хазинаи осорхонаи таърихии вилояти Суғд маводҳои  наққошии  падарашро тӯҳфа намуд. Яке аз тӯҳфаи он кас албоми аксҳо, ки дар китоби воридотӣ таҳти рақами № 2920 сабт гардидааст. Дар албом  30 адад аксҳои гуногунҳаҷм ва мақолаҳо доир ба фаъолияти эҷодии наққош усто Ҳакимҷон Саидов, дар рӯзномаҳо нашр шуда ҷамъоварӣ шудаанд. Ҳаҷми албом 40х30 см ва ғафсиаш 2,5 см мебошад. Дар рӯи албом тасвири муҷассамаи Модар-Ватан оварда шудааст. Дар муқоваи охирини он чунин навиштаҷот мавҷуд аст “Саидов Ҳакимҷон армияи 33 дивизияи 742, полки тирандозӣ с 1942. Самти Смоленск”

       Ҳакимҷон Саидов иштирокчии Ҷанги Бузуги Ватанӣ мебошад ва, дар набардҳои ҷанг қаҳрамониҳо нишон дода  бо ордену медалҳои сазовор гардидаааст. Пас аз фронт баргаштан ӯ дар колхози Сталини ноҳияи Ленинобод (пас колхози ба номи М.Фрунзе) ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба сифати рассоми колхоз ба кор қабул шуда, ба офаридани асарҳои тасвирӣ бахшида ба пешқадамони истеҳсолот, қаҳрамонони меҳнат, ходимони барҷастаи ҳизбию шӯравӣ машғул мешавад. Бо ташаббуси ӯ ва дастгирии роҳбарияти колхози мазкур боғи маданият ва истироҳати колхозӣ, чойхонаи қитъаи Навободи колхози “Роҳи Ленин”-и райони Хуҷанд (ҳозира н. Бобоҷон Ғафуров) нақшу нигор ёфтааст. Ҳамчунин ӯ дар қатори наққошони номдори вилояти Суғд Солиев усто Мақсуд, Мансуров Абдуғафур, усто Очил, усто-Раҳимшейх, усто-Охунҷон Ёқубов дар ороиши бино ва толорҳои Қасри маданияти Арбоби колхози ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, театри мусиқӣ-масҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд, дар тармим ва барқарор намудани сақфи нақшини собиқ осорхонаи таърихии вилоятии Ленинобод (ҳоло вилояти Суғд) дар бинои масҷиди ҷомеи шайх Маслиҳатдин  иштироки фаъолона намудааст,ки имрӯзҳо тамошобинону сайёҳони сершумори мамлакатамон   ва хориҷиён онро дида, ҳаловати маънавӣ мегиранд ва ба санъати баланди наққошии мардуми тоҷик аҳсану офаринҳо мегӯянд. Ҳамчунин   усто Ҳакимҷон Саидов дар сохтмону ороиши чойхонаи “Роҳат”-и шаҳри Душанбе, бинои осорхонаи Ҷумҳуриявии шаҳри Панҷакент, мақбараи сардафтари адабиёти классики тоҷик устод Абӯабдулло Рӯдакӣ дар Панҷруд, чойхона дар соҳили дарёи Сир ва дар ороиши қасрҳои маданият, чойхонаҳои аксар ноҳияҳои вилоят саҳми волои бадеӣ гузоштааст. Усто Ҳаким натанҳо наққоши моҳир, инчунин рассоми боистеъдод низ маҳсуб меёфт. Яке аз асарҳои он кас лавҳа бо портрети Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, кирмакпарвари машҳур Ҷонон Ӯрунова , ки дар маҳзани осорхонаи вилояти Суғд таҳти рақами 1260 дар китобӣ воридотӣ маҳфуз мебошад, ки    аз тарафи шӯъбаи иттифоқи рассомон,  29 декабри соли 1967 ба осорхона қабул карда шудааст. Андозаи лавҳа 210х150см буда, бо рангҳои гуногун  ва бо гулу рустаниҳо гирдогирд наққошӣ карда шудааст. Дар мобайн симои Ҷонон Ӯрунова тасвир ёфтааст ва дар поёни он навиштаҷоти “Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ” навишта шудааст.

Гузаштагон бобою бобокалони Ҳакимҷон Саидов дар санъати наҷҷориву наққошӣ ҳамто надоштанд. Ба аҳли хонаводаи ӯ ин санъат аз гузаштагонаш ирсӣ боқӣ мондааст. Дар давоми меҳнати пурсамари худ усто зиёда аз 50 нафар шогирдонро ба воя расонидааст. Аксари онҳо ба дараҷаи  устои  моҳиру болаёқат устоди касб шуда расидаанд , ки аз байни онҳо Абдуҳафиз Ҳасанов, Мақсудҷон Мансуров, Файзулло Ҷӯраев, Одил Отаҷонов, Ином Ахмедов, Аҳмад Маҳмудов,  Эгамберди Эгамназаров ва дигарон мебошанд, ки дар Хуҷанду ноҳияҳои вилоятамон кор ва фаъолият доштанд.

Усто Ҳакимҷон Саидов панҷ фарзандро ба воя расонидааст,ки се писари он кас Мирзоумар,  Мирзосиддиқ, Мирзоҳалим касби падару бобояшро интихоб намудаанд ва эҷодкору довомдиҳандаи ин соҳаи санъат мебошанд.  

Саҳми Ҳакимҷон Саидов дар пешрафт ва инкишофи санъати наққошии миллати тоҷик хеле калон аст.  Ҳакимҷон Саидов сазовори унвони  дорандаи  Корманди шоистаи маданияти  Тоҷикистон (1981) ва Рассоми халқии   Тоҷикистон ( 1986) қадрдонӣ гардидааст.

Хуллоса лозим аст,ки падидаҳои беҳтарини осорӣ санъати бадеӣ, алалхусус санъати наққошии халқи тоҷикро ҳамчун мероси фарҳангӣ ҳифз ва эҳё ва тарғиб  намоем, зеро ин ҳунари волои бадеияти нотакрори санъати зебоипарастӣ буда, он фарҳанг ва ифтихори на танҳо тоҷикон, балки ғановати тамоми инсоният аст.         

Сармуҳофизи фонди

Осорхонаи вилояти Суғд

Ӯрмонҷонова Адиба

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРассоми боистеъдод ва наққоши моҳир
Scroll to Top