Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди ҳарчи бештари фарҳанги миллӣ ва ҳифзи мероси ниёгон аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як паёму баромадҳояшон чунин нуқтаро иброз менамоянд: “Сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз пеш аз ҳама ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, эҳёи арзишҳои милливу умумибашарӣ фароҳам овардани имконият барои омӯзиш ва тарғиби васеи онҳо, инчунин ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани дастовардҳои фарҳангие равона карда шудааст, ки тавассути онҳо моро миллат мешиносанд”.
Бо чунин ақидаҳои арзишманд дар Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ҳунарҳои миллии ниёгонамон аз нав эҳё шуда истодаанд. Дар қисмати ҳавлии занҳо дар коргоҳ дӯкони адрасбофӣ насб гардида, дар он ҳунармандон ҳунари хешро ба шогирдон омӯзонда истодаанд. Дар коргоҳ бештар матоъҳои зирагӣ, беқасаб, адрас, подшоҳӣ бофта истодаанд.
Ҳадаф аз таъсиси корхонаи бофандагӣ дар Хона-музейи камоли Хуҷандӣ дар он аст, ки ҳар чӣ бештар ҳунарамонро ба тамошобинони дохилию хориҷӣ муаррифӣ карда, сафи духтарон ва занони хонашинро кам намуда, бо кор таъмин кардан аст.
Тошматова Т. – роҳбалади
Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ