Китоби мазкур дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд таҳти рақами №4562 нигаҳдорӣ мешавад. Он соли 1313/1895 дар матбааи муншии номии Нувал Кишур дар шаҳри Лакҳнави Ҳиндустон ба табъ расидааст. Ин китоб аз рўи тарҷумаи форсии Абўалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ нашр гардидааст. Китоби мазкур дорои 4 ҷилд мебошад. Ҳар саҳифа дорои 25 – сатр аст. Ҷилди аввали китоб аз 1-142, ҷилди дувум аз 144-266, ҷилди савум аз 268-366 ва ҷилди чорум аз 368-798 саҳифаро фаро мегирад. Муаллиф ҷилди аввалро бо суханони «Сипосу офарин мар Худои комгору комрон ва офаринандаи замину осмон ва он кас, ки на ҳамто, на анбозу на дастур ва на ёру на зану на фарзанд, ҳамеша буд ва ҳамеша бошад» оғоз намуда, бо қисме аз достони Мўсо (а) ва Фиръавн ба охир расонидааст. Ҷилди дувуми асар аз давоми қиссаи Мўсо (а) ва Фиръавн оғоз мегардад ва бо оғози қиссаи «Асҳоби Каҳф» ба анҷом мерасад. Ҷилди савум бошад бо «Дар зикри хабари он ду нафари дигар аз «Асҳоби Каҳф». Чунин мегўяд Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ» оғоз мешавад ва бо ҷумалоти «Акнун ба ҳадиси ҳазрати Муҳаммад мустафо (с) бозгардем ва ахборе аз ҳазрат, яъне ҳазрати Муҳаммад (с) ва хилофати Абўбакр, Умар, Усмон ва Алӣ (раз.) гўям ва боз қиссаи Яздиҷурд (яъне: Яздигурд –И.Т.), дар хилофати амирулмуъминин Умар (р) гуфта шуд, иншо Аллоҳу таоло, ки чӣ гуна мамлакат аз дасти вай бирафт ва ибтидо аз ансоби он ҳазрат, пайғамбари мо (с) баён кунем, иншо Аллоҳу таоло» анҷом меёбад. Ибтидои ҷилди чоруми китоб ҳам бо ҳамду сано оғоз меёбад ва бо «Ин таърих ахбори паёмбарону (салавотуллоҳи алайҳим) маликон аз гирдоваранда Абўҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ибни Язид ибни Табарӣ (раҳ.) ва гузорандаи ў Абўалӣ Муҳаммад ибни Балъамии вазир, ки ў тозиро ба порсӣ гардонид аз баҳри Абўсолеҳ Мансур ибни Нуҳ ибни Наср ибни Аҳмад ибни Исмоил ибни Аҳмади Сомонӣ, ғафараллоҳу, ал-ҳамду лиллоҳи рабби-л-ъоламин ва-с-салоту ва-с-салому ъало хайри халқиҳи Муҳаммад ва олиҳи аҷмаъин ва саллама таслиман ва имонан абадан касиран касиро» анҷом меёбад. Андозааш 29,5х19 см. мебошад. Муқоваи китоб расмисохти картонии сабзи равғанӣ аст.
Мудири шӯъбаи дастхатҳо ва
табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
И.Туробов.