Мутобиқ ба қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019 – 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ва таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ баргузор намудани чорабиниҳо ва хизматрасонӣ ба тамошобинон дар давраи ҳисоботӣ корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
7 ҷаласаи Шӯрои илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд баргузор гардида, нақшаи фаъолияти маҷмаа, аъзоёни Шӯрои илмӣ дар соли 2021, нақша - чорабинии муассиса бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақолаҳои илмиву сайри илмии мавзӯии кормандон, нақшаҳои мавзӯии тематикӣ муҳокима ва тасдиқ карда шуданд.
Аз тарафи ходимони илмии шӯъбаи маъхаз нақшаи пуррагардонии фонди осорхона омода карда шуда, ба маъмурияти муассиса пешниҳод гардидааст. Экспонатҳои асосии соли 2020 қабул шуда, ба китоби воридотии асосӣ сабт гардид. Дар рафти баргузории чорабиниҳои фарҳангии вилоят аз фонди осорхона 60 адад экспонат ба намоиш гузошта шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ 8 ҷаласаи харидории назди фонди осорхона гузаронида шуда, аз шаҳрвандон ба миқдори умумии 2049 адад ашёҳои таърихӣ, фарҳангӣ, сиккаҳои гуногуни таърихӣ, ҳуҷҷатҳо ва нусхаи хаттии нодир, маводҳои замони муосир ба маблағи 65000 сомонӣ харидорӣ карда шуданд. Аз миқдори умумӣ 1919 адад ашё ройгон қабул гардида, 361 адад ба фонди асосӣ ва 1688 адад ба фонди ёрирасон ворид карда шуданд.
Аз тарафи роҳбаладон ва кормандони илмии Осорхонаи таърихии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сайри илмии мавзӯӣ ва мақолаҳо таҳти унвони “Занон – иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ”, “Хонаи миллӣ дар намоишгоҳи осорхона”, “Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар инкишофи илми таърихшиносии тоҷик”, “Аз таърихи маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд”, “Хаттотӣ намунаи санъати халқи тоҷик”, “Ҳунари қолинбофӣ ва эҳёи он дар замони муосир”, “Урфу одат ва анъанаҳои тоҷикӣ аз нигоҳи сайёҳони чехӣ”, “Санъати заргарӣ дар вилояти Суғд”, “Аз таърихи истеҳсоли матои абра ва читгарӣ”, “Флорентийская мозайка” таҳия карда шуданд.
Тибқи мактуби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Истиқлол аз 16.02.2021 санаи 10.03.2021 оиди шиносоӣ аз рафти фаъолияти кории осорхонаи назди Қасри фарҳанги ш.Истиқлол ва расонидани ёрии методӣ гурӯҳи корӣ ташкил карда шуда, сафари хидматӣ анҷом доданд.
Аз тарафи кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ба кормандони Хона – осорхонаи ба номи Ҷӯрабек Муродов ва Осорхонаи таърихӣ – кишваршиносии “Курушкада”-и н.Спитамен, Осорхонаи назди қасри фарҳанги ш.Истиқлол, Осорхонаи назди қасри фарҳанги н.Айнӣ ёрии методӣ оид ба тарзҳои ҳуҷҷатгузории шӯъбаҳои осорхона, тарзи гузаронидани сайри илмӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ маълумотҳои кофӣ дода шуд.
Санаҳои 1-13.12.2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” доир гардид. Дар озмун корманди МД МФТ “Қаълаи Хуҷанд” иштирок намуда, аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар давраи шаҳриву вилоятӣ ҷойи якум ва дар давраи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи сеюм, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дониста шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ 4 маротиба конфронс, 2-маротиба вохӯрӣ, 15-маротиба намоиш дар муассиса ташкил карда шуд.
Дар ин давра аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 28778 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 2584 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 8111 нафар тамошобинон 370 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 17667 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 201 нафар, фарогири сайри илмӣ 35 адад, давлатҳои ИДМ 201 нафар, 82 адад фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 8954 нафар мебошанд.
Аз Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 4902 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 640 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 2526 нафар тамошобинон 195 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 2376 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 72 нафар, фарогири сайри илмӣ 22 адад, давлатҳои ИДМ 42 нафар, 28 адад фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 1656 нафар мебошанд.
Аз Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Нӯъмон Неъматов 7629 нафар меҳмонони ватаниву хориҷӣ дидан ба амал оварданд. Аз ин миқдор 1349 нафар тамошобинон аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 3076 нафар тамошобинон 126 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 4553 нафар мебошанд. Теъдоди тамошобинони хориҷии дур 32 нафар, фарогири сайри илмӣ 14 адад, давлатҳои ИДМ 76 нафар, 42 адад фарогирии сайри илмӣ мебошанд. Шумораи шаҳрвандони ватанӣ 2224 нафар мебошанд.
Дар маҷмӯъ теъдоди тамошобинони боздиднамуда аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, Осорхонаи бостоншиносӣ ва истеҳкомоти шаҳри Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов ва Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ 41309 нафарро ташкил дода, 624 нафар тамошобинон аз хориҷии кишвар мебошанд. Аз миқдори умумии тамошобинон 4572 нафар аз осорхона ба таври ройгон дидан намуданд. Ба 13713 нафар тамошобинон 691 адад сайри илмӣ гузаронида шуд. Теъдоди тамошобинони алоҳида 24596 нафарро ташкил медиҳанд.
МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо донишгоҳҳои олии вилоят, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии ба номи академик М.С.Осимӣ дар ш.Хуҷанд ҳамкории зич дошта, дар асоси шартнома донишҷӯёни курсҳои III - IV факултети забонҳои хориҷӣ ва донишҷӯёни курсҳои II факултаи таърих ва ҳуқуқи МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров таҷрибаи истеҳсолии худро дар осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” гузаронида, донишҷӯён аз фаъолияти илмию фарҳангии муассиса аз наздик шинос шуда, бо тарзҳои ҳуҷҷатгузории шӯъбаҳои осорхона, тарзи гузаронидани сайри илмӣ, баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангӣ маълумотҳои кофӣ гирифтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” сафири Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран, сафири фавқулода ва мухтори Украина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Серватьюк В.М., собиқ Котиби генералии ҳамкориҳои Шанхай (ШОС), собиқ сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов, Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита бо ҳайати ҳамроҳонаш, Вазири рушди иқтисодӣ вилояти Челябински Федератсияи Руссия, ҳамоҳангсози доимии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Сезин Синаноглу, муовини ҳокими вилояти Фарғона Ахмедов Х., роҳбари Палатаи савдо ва саноати Федератсияи Россия Катирин С.Н., муовини Раиси вилояти Могилёви Ҷумҳурии Беларус Страхов Р. ва дигарон дидан ба амал оварданд.
Дар ин давра дар мавзеъи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ки яке аз ҷойҳои истироҳати тамошобинону сайёҳон ба шумор меравад, баҳри ободонӣ 250 000 пиёзакҳои гули лола, зиёда аз 200000 гулҳои мавсимии Петуня, Вербеня, Тагетис, Катаранртус, Салвия, 2000 гулбуттаҳои Хризантема (Чамангул) шинонида шуданд. Ба майдонҳо поруҳои минералӣ ва шӯрхок андохта шуда, дарахтон ва токзорӣ чорбоғи Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ ва дарахтони мавзеи боғ шаклдарорӣ карда шуд. Дар ин мавсим ниҳолҳои мевадиҳандаи Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ иваз карда шуда, гулҳои садбарг шинонида шуд.
Дар асоси нақша-чорабиниҳо масъулони маҷмаа барои тоза нигоҳ доштани ҳудуди Боғи фарҳангию фароғатии Камоли Хуҷандӣ доимӣ корбарӣ намуда истодаанд.
Бо иқдоми ташкилоти ҷамъиятии “Таҷ-Рапт” барои тозаву озода нигоҳ доштани ҳудуди “Боғи фарҳангӣ – фароғатии Камоли Хуандӣ” се адад партовқуттиҳо барои ҷамъоварии зарфҳои пластикии истифодашуда насб карда шуданд.
Кормандони МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” тибқи нақшаи корӣ фаъолияти пурсамар бурда барои таҷлили солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланди фарҳангӣ баҳри хизматрасонӣ намудан ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
Нодира Олимова
ҷонишини омир
оид ба корҳои илмӣ