Бо самимияти афзун ҳар яки Шуморо бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, сарбаландию хонаободӣ, пирӯзӣ, саодати рӯзгор ва дар корҳоятон комёбиҳои беназирро таманно дорем.
Умед ва боварии комил дорем, ки Соли нави мелодии 2022 барои ҳар яки Шумо соли фатҳу кушоишҳои тоза, соли бофайзу пурбаракат, соли қадамҳои устувор хоҳад гашт.
Бигзор, Соли нав барои Ватани маҳбубамон сулҳу осоиштагӣ, осмони софу беғубор, саодату пирӯзӣ ва ба ҳар фарди тоҷик хушнудиҳои бешумор орад.
Бо камоли эҳтиром, аз номи аҳли кормандони
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”: Иброҳимов И.С.