Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир ба ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо семинари омӯзишӣ доир гардид. Семинар таҳти унвони “Ҳифз ва таҳкими ҳуҷҷатҳо дар махзанҳо” бо иштироки мудири бахши таҳкими пешгирикунандаи шӯъбаи тармими фондҳои китобхонаҳои Саридораи таъмини ҳифзи фондҳои китобхонаҳои давлатии Русия Алексей Кашеев ба таври назариявӣ ва амалиявӣ ҷараён гирифт.

Дар кори машварат намояндагони Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Осорхонаи таърихии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”, Муҷтамаи ҷумҳуриявии осорхонаҳои Кӯлоб ва дигар осорхонаҳои кишвар иштирок  доштанд.

Дар ҷараёни машварати омӯзишӣ ба иштирокдорон корҳои ҳифзи ҳуҷҷатҳо, шароити нигоҳдории онҳо, ҳашароти зараррасони биологӣ, нуқси биологии ашё ва чораҳои пешгирӣ кардани онҳо, ба эътидол овардан ва нусхабардории ҳуҷҷатҳо, ташхиси махзани нигоҳдории китобҳо, инчунин тадбирҳои бехатарӣ дар раванди кори он омӯзонида шуд.

Бояд гуфт, ки мероси хаттии тоҷикон  ҳамчун сарчашмаи муҳими таърихӣ дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи миллати тоҷик нақши басо муҳим ва калидӣ дорад. Он дар баробари муаррифии бузурги таъриху фарҳанги миллати тоҷик будан, инчунин инъикосгари забон, хат ва ҳунару санъати волои китобдорӣ, хушнависӣ, коғазсозӣ, рангсозӣ, муқовасозии ниёгони мо мебошад, ки то замони мо намунаҳои гуногуни он боқӣ мондаанд.

Имрӯзҳо дар осорхонаҳо, китобхонаҳо ва марказҳои махсуси кишвар ҷамъоварӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, тармиму таҳким, таҳқиқу омӯзиш ва муаррифии мероси хаттӣ ва оммавигардонии он ба ҳукми анъана даромадааст, ки Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” яке аз онҳост. Дар муассисаи мо алҳол зиёда аз 400 адад китобу дастхатҳои нодир ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Иштирок дар машварати омӯзишӣ хеле бамаврид ва дар айни замон муҳим буда, он маълумоту маслиҳатҳое, ки ҳозирон дар рафти семинар бархурдор гардиданд дар оянда босамар ба кор хоҳад рафт.

Азбаски семинар ҷанбаи амалиявӣ ҳам дошт Алексей Кашеев ҳамроҳ бо иштирокдорон аз шӯъбаи тармим ва таҳкими Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо мутахассисони соҳа аз раванди кор бо ҳуҷҷатҳо шиносоии амиқ пайдо намуда, табодули таҷриба намуданд.

Ҳадаф ва баргузорӣ ва иштирок дар машварати омӯзишӣ ин баланд бардоштани савияи дониши кормандони соҳаи осорхонашиносӣ арзёбӣ мегардад.

Аслиниссо Ёдгорӣ

Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва

робита бо ҷомеаи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ
Scroll to Top