Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дастоварди корманди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию давлатии “Қалъаи Хуҷанд”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №АП-43 аз 11-уми феврали соли 2021 ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки санаҳои 1-13.12.2021 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардида, натиҷагирӣ карда шуд. Шумораи довталабон ба давраи ниҳоӣ 510 нафар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ва аз вилояти Суғд 107 нафар довталаб иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардид.  

  1. адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
  2. адабиёти классикӣ;
  3. адабиёти муосир;
  4. адабиёти ҷаҳон;
  5. эҷоди назму наср.

Санаи 15-уми декабри соли 2021 дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии ш.Душанбе ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид.

Дар озмун мудири шӯъбаи оммавӣ ва фарҳангии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қаълаи Хуҷанд” – Аслиниссо Ёдгорӣ иштирок намуда, аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар давраи вилоятӣ ҷойи якум ва дар давраи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи сеюм, барандаи ҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дониста шуд.   

Аз номи МД МФТ “Қаълаи Хуҷанд” Ёдгорӣ Аслиниссоро барои сазовор гардидан ба ин дастовард муборакбод намуда, дар оянда ба корҳои илмияшон муваффақиятҳоро таманно дорем.

 

Нодира Олимова

ҷонишини омир оид ба корҳои

илмии МД МФТ “Қаълаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДастоварди корманди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию давлатии “Қалъаи Хуҷанд”
Scroll to Top