Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Муаррихи варзида

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Неъматов Нӯъмон  зодаи шаҳри Хуҷанд буда, бостоншинос ва муаррихи варзидаи тоҷик мебошад.Ӯ Доктори илмҳои таърих, профессор, олими забардаст ва номдори кишвар, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон , шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буд, ки дар эҳёи таърихи миллат  саҳми арзанда гузоштааст. Тадқиқотҳои Н.Неъматов ба масъалаҳои археологияи қадим ва асрҳои миёнаи Тоҷикистон, таърих ва маданияти халқи тоҷик ва умуман Осиёи Миёна бахшида шудаанд. Н.Неъматов  аввалин муҳаққиқи шаҳри қадими Истаравшан буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти димнаи пойтахти Истаравшан Бунҷикат, ёдгориҳои атрофи он ва харобаҳои он тадқиқот карда шудааст. Дар ин ҷо осори санъати меъморӣ, наққошӣ, ҳакокӣ, аз ҷумла шоҳасарҳои маданияти оламшумул кашф шудаанд. Хизмати Н.Неъматов дар омӯхтани археологияи шаҳрҳои Хуҷанд ва Истаравшан калон аст. Ӯ яке аз муаллифони асари сеҷилдаи “Таърихи халқи тоҷик”, “Таърихи РСС Тоҷикистон” Ҷилди махсуси ЭСТ “РСС Тоҷикистон” ва  якчанд асарҳои илмӣ ва байналмилалӣ оид ба маданияти Осиёи Марказӣ буд.

   Н.Неъматов иштирокчии Симпозиуми байналмилалӣ оид ба археология ва маданияти давлати Кушониён, Конгресси XIII байналхалқии илмҳои таърих, Симпозиуми ШМА-ИҶШС  оид ба археологияи Шарқи Наздик, Осиёи Миёна ва Ҳиндустон ва ғайраҳо мебошад.

   Барои пурра намудани фонди осорхона аз ҷониби ҳамсари Н.Неъматов, Неъматова Маҳбуба ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” маводҳои  академик қабул гардид. Дар он номгӯи зиёди китобҳои илмӣ, бадеӣ, рӯзномаҳо ва  ҳисоботҳои Экспедитсияи археологии Тоҷикистони Шимолӣ мавҷуд аст. Ин маводҳо ба осорхона тариқи ройгон қабул гардида, 1745 ададро ташкил медиҳанд. Аз ин миқдор 346 адад ҳуҷҷатҳо ва 1399 адад китобҳо ба маъхази осорхона ворид гардиданд.

 

 

                                                   

                                              Мудири шӯъбаи таърихи давраи

                                                  муосири осорхонаи таърихии

                                                     МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” 

                                                                  Хоҷаева М.

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМуаррихи варзида
Scroll to Top