Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рубоб – як навъи сози мусиқӣ.

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Рубоб  сози мусиқӣ буда, дар байни мардуми Шарқ, аз ҷумла тоҷикон маъмул мебошад. Бино ба маълумоти маъхазҳои адабӣ рубоб шакли муарраби калимаи паҳлавии “равода” буда, маънои “овози ҳазинро дорад”.

    Баъд аз истилои араб рубоб чун сози мусиқӣ бо номи “ребаб” дар Миср маъмул гардид. Сипас, дар асрҳои минбаъда тавассути роҳи тиҷорат дар Ҳиндустон ва ҷазираҳои  Малайя пайдо шуд, ки то ҳол бо чунин шаклу ном дар ин мавзеъҳо маъмул аст.  Дар асрҳои IX-XII рубоб дар Эрону Мовароуннаҳр  маъмул гардида, шакли худро андаке тағйир дод. Рубоби ин давра ба танбӯр шабоҳат дошта, косааш каме бузургтар буда, ба рӯи он пӯсти оҳу мекашиданд. Дасташ аз дастаи танбӯр кӯтоҳтар буда, торҳояшро аз абрешим тайёр мекарданд. Рубоби пешина аз байн рафта, ҷойи онро рубоби шохдор , яъне кошғарӣ гирифт ва он дар байни тоҷикон ва ӯзбекҳо то ҳол машҳур аст.

      Навъи дигари рубоб, ки асосан дар байни мардуми тоҷик маъмул аст, рубоби бадахшонӣ мебошад. Ин созро аз он сабаб бадахшонӣ меноманд, ки дар Бадахшон ба вуҷуд омада, дар асрҳои XVII-XVIII дар дигар мавзеъҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухоро хеле маъмул гардид. Рубоби бадахшонӣ дар гузашта чун сози якканавозӣ истифода шуда, дар ансамблҳои созӣ вазифаи бамро ба ӯҳда дошт. Косаи он нисбат ба косаи дигар рубобҳо калонтар ва мурудшакл, дастааш кӯтоҳ буда, нӯги он каме ба қафо хам задааст. Дар паҳлӯи миёнаҷои коса  тахтачаи камоншакл  мавҷуд аст, ки  бо хаспардаҳо ба даста пайваст карда шудааст. Чунин намуди рубоби бадахшонӣ аз ҷониби сокини шаҳраки Чоруқдаррон кӯчаи Тошхӯҷа Асирӣ № 20 – Рустамбеков Абдукарим пешниҳод гардида, аз тарафи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”  харидорӣ карда шудааст.                                   

Мудири шӯъбаи таърихи давраи

                                                  муосири осорхонаи таърихии

                                                      МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРубоб – як навъи сози мусиқӣ.
Scroll to Top