Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар тӯли 95 соли фаъолияти худ ҳазорҳо ашёҳои таърихӣ-фарҳангӣ ҷамъоварӣ намудааст, ки бештари онҳо нигораҳои соҳаи мардумшиносӣ ва бостоншиносӣ буда, аз таъриху тамаддун қабатҳои маданӣ, тарзи зиндагӣ шаҳодат медиҳад.
Тибқи консепсияи тарбия дар тамоми сохторҳо ба тарбияи ҷавонон дар руҳияи Ваҳдат, худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ дар шароити имрӯза аҳамияти беш аз пеш касб намоянд. Аз ин лиҳоз, Осорхона ҳам муассисаи тарбиявӣ буда, баҳри амалӣ шудани консепсия саҳмгирӣ дорад. Мо кормандони Осорхона ин вазифаи масъулиятнокро бо чанд роҳ ба анҷом мерасонем. Якум бо нишон додани кору пайкор, эъҷози дастони ҳунарманд, ки маҳз дар Осорхона маҳфуз аст. Агар нишони ниёгони ҳунарманд ашёҳои рӯзғор ба амсоли кӯзаю косаҳои ҳаккокию заркорӣ, ороиши занона чун зеби гулӯю, дастпона, гӯшворию ангуштар ва ҳунари зебои кандакорию кашидадӯзӣ бошад, бо дидани ин дар дили бинанда меҳри касб, меҳри зебоипарастӣ ҷой мегирад. Ҳунар ва зебоипарастӣ фақат самараи нек меорад. Бинобар ин кормандони илмӣ муҷтаҳиданд, тамоми ашёҳои қадимаро, ки дигар истеҳсол ё сохта намешавад, ҳарчанд дар Осорхона даҳҳо мавҷуданд, ҷамъоварӣ карда фонди худро ғанӣ созанд.
Дар тӯли панҷ соли охир ба фонди Осорхона ба миқдори 6134 адад нигораҳо қабул шуда аз он 3262 адад нигораҳои асосӣ ва 2871 адад нигораҳои ёрирасонро ташкил медиҳад. Алҳол нигораҳои асосии фонди Осорхона 16405 ва нигораҳои ёрирасон 17662 ададро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон дар давоми сол аз шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 2049 адад ашёҳои таърихию фарҳангӣ пешниҳод карда шуд. Дар байни ашёҳои ҷамъоварӣшуда китобҳои дастнавис ва чопӣ сангӣ, ки дорои илмӣ адабӣ мебошанд ва ба асрҳои XV III -XX мансуб мебошанд, асбобҳои мусиқӣ, ороишоти занона кӯзаю обдаста, косаю табақҳо истеҳсоли коргоҳи Гарднер ва Кузнетсова, ашёҳои кашидадӯзӣ мебошад. Аз тарафи Прокуратураи нақлиёти вилояти Суғд, маводҳое, ки бо парвандаҳои ҷинояти ҳамчун далели шайъи гирифта шудааст, ба монанди офтобаи мис, хурмачаи сафоли ни дудаста, симобдон, асбоби аксбардории тамғаи Эрнеман Дресден1- В, қоғазҳои қиматноки бонкӣ ва ғайра, барои ҳифзу истифодаи доимӣ ба Осорхона супорида шуд. Инчунин ҷамъоварии маводҳои шахсони барӯманди вилоят, ба монанди Биҳоҷал Раҳимова- арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, Абдуманон Ғозиев- генерал майори,Вазорати корҳои дохилӣ Нӯъмон Неъматов- яке аз олимони забардаст ва номдори кишвар бостоншиноси барҷаста академики академияи илмҳои ҶТ, ки аз тарафи фарзандон ва наздикони ин шахсҳо ба Осорхона ройгон қабул карда шуд.
Ҳарчанд ашёҳои ҷамъоваришуда сифатан коҳиш ёфтаанд, фарсуда шудаанд, маҳсули ҳунари гузаштагони мо маҳсуб мебошанд. Тибқи таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат мӯҳтарам Ҷоноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин арзишҳои таърихии қавму миллати худро то метавонем ҷамъоварӣ ва ҳифозат мекунем.
Сармуҳофизи фонди Осорхонаи
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”
Ӯрмонҷонова Адиба