Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарзмоли чӯянин

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Дарзмоли чӯянин аввалин маротиба дар охири асри XVI  дар давлатҳои Аврупо аз тарафи устоҳои оҳангар ихтироъ шудааст. Баъдтар дар асри XVIII дар заводи Демидовскаяи давлати Русия подшоҳӣ истеҳсоли он ба роҳ монда шуд. Дарзмолҳои чӯянини он вақта мисли дарзмолҳои  имрӯза бо воситаи барқ кор намекарданд ва дар онҳо ноқил ҳам мавҷуд набуд. Ягона воситаи тасфондани дарзмол ин лахчаи ангишт ё ҳезум ба ҳисоб мерафт. Намуди дарзмолҳои онвақта мисли чойнаке буд, ки даруни он холӣ ва дар болояш сарпӯш мавҷуд буд. Ба дохили он лахчаи ангишт  ё ҳезумро ба миқдори муайян меандохтанд ва дарзмол метасфиду занҳо барои уттӣ (дарзмол) кардани либос истифода мебурданд. Дарзмол асосан аз чӯян сохта мешуд. Вазни он аз 3кг то 10 кгро ташкил медод. Ин гуна дарзмолҳоро ба болои оташдон (печкаи русӣ) ё ба болои лахча гузошта метасфониданд. Дарзмоли 10кг-мӣ барои матоъҳои ғавс истифода бурда мешуд. Дарзмолҳои 3кг-миро асосан  барои матоъҳои тунук, гиребонҳои курта ва матоъҳои бо тӯр бофташуда истифода мебурданд ва ҳаҷми чунин дарзмолҳо ба ҳаҷми кафи дасти инсон баробар буд…  То ҳол дар баъзе хонаҳои мардумон ва  чевархонаҳо ин намуди дарзмолро занону духтарон истифода мебаранд.

Дар маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд якчанд адад чунин дарзмолҳои чӯянин  мавҷуд аст, ки ба охири асри Х!Х ва аввали асри ХХ тааллуқ дорад. Яке аз онҳо  аз чӯян бо услуби рехтагарӣ сохта шуда, шаклаш секунҷаи дарозрӯя мебошад. Аз ду канори дарзмол 2-тогӣ, аз қисмати охираш 1-то сӯрохии дарозрӯяи ба чашм монанд мавҷуд аст. Сарпӯш низ шакли секунҷа дошта, он дандонаи аррамонанд  дорад ва аз дохил бо чангаки маҳкамкунии дастакаш чӯбини  хурди  мудаввар пайваст гардидааст. Он ба воситаи мехи фулузӣ ба ду гӯшаки танаи дарзмол пайваст карда шудааст. Дастаки он чӯянӣ буда, ҷои дастқапак чӯбини лӯнда мебошад. Дар даруни танаи дарзмол панҷараи қиррадори 5 гӯшаи сӯрохиаш дарозрӯя мавҷуд аст. Зери сарпӯш навиштаҷоти барҷаста дар шакли даврагӣ «УИЗ. КАСИМОВ» дорад. Ин  дарзмол аз тарафи сокини шаҳри Хуҷанд кӯчаи Таги Сада 14 – Маҷидова Х. ба осорхона дастрас шудааст.

Намуди дигари дарзмол аз чӯян сохта шуда, болои дастакаш печутоб карда шудааст. Дарзмол аз чӯяни яклухт бо услуби рехтагарӣ сохта шуда, дар вақти дарзмол кардан онро ба болои лахчаи ангишт, ҳезум ё ба болои оташдон (печи рӯсӣ) мегузоштанд. Таги дарзмол суфта буда, дар рӯяш тамғаи ТтМ ва №2 навишта шудааст. Дарзмоли мазкур аз сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ҷамоати Ёва бо тариқи ройгон қабул карда шудааст. 

Пӯлотова Нигорахон

Корманди илмии шӯъбаи

таърихи МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарзмоли чӯянин
Scroll to Top