Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Дарёфти дафина

User Rating:  / 3
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Сиккаҳое, ки аз қаламрави Тоҷикистон ёфт шудаанд, пеш аз ҳама оид ба вуҷуд доштани давлат ва шаҳрҳои бузурги тараққиёфта ва бевосита дар бораи равнақу рушди муомилоти пулӣ, таъмину танзими он дар қаламравӣ кишвари куҳанбунёд дарак медиҳанд.

Маъхази Осорхонаи таърихии вилояти Суғд низ барои ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳдорӣ ва пажӯҳиши осори бостонӣ, аз ҷумла сиккаҳо саҳми назаррас дорад. Ба Осорхона аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд барои омӯзиш ва харидорӣ сиккаҳои  давраҳои гуногун, ки нигоҳдорӣ ё бозёфт шудаанд, пешниҳод мешаванд.

Яке аз дафинаҳое, ки солҳои соҳибистиқлолият маъхазӣ Осорхонаро бой гардонид, ин дафинаи Истаравшан мебошад.

Соли 2014 ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғд аз  шаҳрванди шаҳри Истаравшан Юлдошев Холбек  дафинаи сиккаҳо  ба миқдори 1459 адад пешниҳод ва қабул карда шуд. Дафинаи мазкур аз кӯчаи Бобокалон Раҳматов №16  маҳаллаи Калламанори назди Муғтеппаи шаҳри Истаравшан  ҳангоми ҳамвор намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ барои корҳои сохтмонӣ дарёфт гардидааст.

Сиккаҳо аз мис сохта шуда, хокистарранг, қисман даврашакл ва ҳам байзавӣ  (тухмшакл) мебошад. Дар ду тарафи сиккаҳо навиштаҷот бо ҳуруфи арабӣ сикка зада шудааст. Канори навиштаҷоти сиккаҳо суфта шуда ва тунук мебошанд.  Аз рӯи муоина сиккаҳо тахминан ба асри XVI- давраи ҳукмронии Шайбониён тааллуқ доранд.

 

 

Корманди илмии фонди Осорхона-

Тиляева Шахноза

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОДарёфти дафина
Scroll to Top