Бояд ёдрас намуд, ки се сол инҷониб дар куҳандизи Қалъаи Хуҷанд ва майдони атрофи он корҳои ҳафриётию тадқиқотӣ марҳила ба марҳила идома ёфта истода, дар марҳилаи навбатӣ бозёфтҳои зиёде аз қабили сиккаҳо, чароғи сиёҳ ва қисмати зиёди зарҳои сафолини сирдори ба давраҳои гуногуни таърихӣ тааллуқдошта, дарёфт гардиданд. Дар байни бозёфтҳои мазкур симобкӯзача ва чанд пораи он низ вуҷуд доранд. Зарфҳои мазкур шаклан хурд буда, гардани кӯтоҳ ва даҳанаи борик, ранги сабзтоб ва хокистари баланд доранд. Чунин зарфҳо вобаста ба таъинот – яъне ба он симоб меандохтанд, онҳо андоза ва шаклҳои гуногун дошта, курашакл, махрутӣ, лӯндаи дарозшакл ва нокмонанди танаш конусшакл ва нақшдор низ мешаванд. Ба аќидаи аксарияти олимон ин намуди кўзачањо барои нигоњ доштан ва аз як љо ба љои дигар бурдани симоб истифода мебурданд. Симобкўзачаро аз гили гилбутта сохта, дар њарорати баланд мепухтанд. Гардани симобкўза борик буда, дањони он замбаршакл аст. Симобкӯзача лӯндашакл буда, гарданаи борик ва даҳони ҳамвори сӯрохдор дорад. Қисмати танаш бошад бо хатту нақшҳо оро ёфтааст. Мувофиқи ақидаи бостоншинос Раҳимов Н.Т. он ба асрҳои X-XII мансуб мебошад.
М.Мамадҷонова – мудири шуъбаи
таърихи МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”