Дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз Федератсияи Русия Рязансев Сергей Василевич, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, узви пайвастаи АИР, директори Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, мудири кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия ва Лукянес Артем Сергеевич, номзади илмҳои иқтисодӣ, муовини директор оид ба лоиҳакашии инноватсионӣ, Институти тадқиқотҳои демографии Маркази илмӣ-тадқиқотии иҷтимоии федералии Академияи илмҳои Россия, дотсенти кафедраи сиёсати демографӣ ва муҳоҷиратии ДДРБМ ВКХ Россия баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд.
Меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аз наздик огоҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин ба Китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ таассуроти худро ба таври зайл нигоштанд: “С благодарностью и пожеланиями успехов сотрудникам Музея. Прекрасная экспозиция, дающая представление об Истории Согдийской области и Худжанда”
Меҳмононро Сардори раёсати маорифи вилоят Каримзода Осим Қосим ва устодони Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд ҳамроҳӣ намуданд.
Олимова Н.
ҷонишини омири
осорхона оид ба корҳои илмӣ