Таърих гувоҳ аст, ки гузаштагони миллати тоҷики тоҷдор дар парчам рангҳои сурх, зард, сабз, бунафш ва кабудро якҷо бо рамзҳои мухталифи ифодагари ҷавонмардиву тавоноиро истифода менамуданд. Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ дар асари безаволи худ Шоҳнома, ки аз таърихи давлатдорӣ ва зиёда аз панҷоҳ шоҳон нақл овардааст, оиди парчам ва рамз низ байтҳои зиёд дорад, ки меорем:
Фурӯъ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш ковиёнӣ дирафш.
Дар Тоҷикистон бо баробари ба Истиқлолият соҳиб гардидани кишвар дар ҳаёти сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дигаргунии куллӣ ва назаррас ба вуқӯъ омад ва дар таърихи навини тоҷикон сабт гардид. Муҳимтарин санадҳо ва ҳар қадами музаффаронаи Давлати тоҷикон ва амру фармонҳои Сарвари хирадманд Эмомалӣ Раҳмон ба дафтари сарнавишти тоҷикон ворид мегардад. Дар радифи дигар ҷашнҳои давлатӣ эълон гардидани Рӯзи Парчами давлатӣ боиси сарфарозист.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 24 ноябри соли 1992 аз ҷониби Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида буд. Минбаъд ин сана ҳамчун ҷашни умумимиллӣ аввалин маротиба рўзи 24 ноябри соли 2009 бо ифтихор аз давлату давлатдорӣ ва соҳибистиқлолию соҳибихтиёрӣ, яъне баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» бошукўҳ Рўзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон – 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Дар саросари кишвар вобаста ба он ҷашнвораю ҷамъомад ва маъракаҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ баргузор мегарданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни табрикоти телевизиониашон 23 ноябри соли 2009 ба муносибати Рўзи Парчами давлатӣ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрўзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».
Дар он тасвири рангҳои сурх, сафед ва сабз, талошу мубориза ва саъйу кӯшиши халқу миллати тоҷикро баҳри озодиву истиқлол, худшиносиву меҳанпарастӣ ва ихтиёр намудани зиндагии орому осоишта, арзандаю поянда, осудаву устувор ифода менамояд.
Ранги сурх – рамзи ягонагии кишвар, сулҳу дӯстии миёни миллатҳо ва ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум мебошад.
Ранги сафед – рамзи сафедӣ, покӣ, фаровонии барфу кўҳҳои баланди кишвар ва боигарии асосии мамлакат – пахта аст.
Ранги сабз – рамзи водиҳои сабзпӯш, сарзамини кишоварзӣ, ҳамчунин шукуфоии кишвар аст.
Инъикоси тоҷ ва ҳафт ситора бошад, дар парчами давлатии Тоҷикистон аз соҳибдавлатӣ ва мустақилияту соҳибихтиёр будани Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Парчами давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун рамзи бахту саодат, сарсабзию хуррамӣ ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон, мақсаду ҳадафҳои созандаи ин миллати тамаддунофарро дар баландтарин минбару қасрҳои минтақавию байналхалқӣ ҷилвагар менамояд, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.
Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рукн ё худ аломатҳои асосии муқаддасоти миллӣ буда, воҷиби эҳтиром ва арҷгузории кулли шаҳрвандон мебошад. Чунки дар радифи дигар муқаддасот, аз ҷумла Нишон, матн ва оҳанги Суруди Миллӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ расман тасдиқ карда шудааст.
Парчами миллӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеан ҳам ҳамчун рамзи миллӣ, рамзи давлатдорӣ боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷикистонии ватандўсти бонангу номус мебошад.
Парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.
Дар таърих ва умуман ҳоло ҳам дар забони муошират аз Парчам бо номҳои гуногун, аз ҷумла: «Байрақ», «Ливо», «Парчам», «Алам», «Дурафш» ва ғайраҳо ном мебаранд. Аммо дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар рамзҳои давлатӣ он ба мафҳуми зебои сирф тоҷикӣ «Парчам» сабт шуда, нишони устуворӣ, пойдории давлату миллат ва забони миллиамон мебошад.
Парчам яке аз рамзҳои муқаддаси давлатдории тоҷикон буда, дар баробари дигар муқаддасотҳо, аз ҷумла нишони давлатӣ ва акси сардори давлат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи толорҳо, вазорату идора, корхонаву муассисаҳои давлатӣ, дар биноҳои сафоратхонаву консулгарӣ ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва утоқҳои хизматии ашхоси мутасаддию масъул ва роҳбарони сатҳи гуногун шудааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯз Дурафши Ковиён ҳамчун яке аз рамзу нишона аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии тоҷикон, ки дар таърихи гузашта борҳо давлатҳои бузурги худро доштанд, дар Ливои Президенти кишвари соҳибистиқлоламон ҳамчун рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлати миллиамон тасвир ёфтааст.
Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ нишона ва аломатҳои муҳими соҳибдавлатию соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон обрўю эътибор, шаъну шарафи давлати соҳибистиқлоли кишварамон буда, онҳо на танҳо барои сокинони кишвар воқеан ҳам азизу гиромианд, балки барои ҳамватанону форсизабонони бурунмарзӣ низ боиси ифтихору шодӣ мебошад.
Парчами давлатӣ — ин рамзи ҳокимияти давлатӣ буда, мустақилият ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлат ифода мекунад.
Пӯлотова Нигорахон
корманди илмии шӯъбаи таърих