Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Намунаи ибрати ҳамагон

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Зиндагӣ ба кору пайкори шахсиятҳое такя мекунад, ки тамоми ҳастӣ ва умри хешро барои манфиати ҷомеа бахшидаву аз ин роҳи тайкарда худро хушбахт ва саодатманд меҳисобанд.

Генерал-майори милитсия Абдуманнон Ғозиев аз зумраи чунин шахсиятҳое буд, ки дар пойдории сулҳу субот дар кишвар, таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва иқтидори мудофиавии мамлакат саҳми арзанда гузошт ва фаъолияти ӯро метавон намунаи садоқат ба касби пурифтихор ва муҳаббати самимӣ ба ватан номид.

 Ӯ 24 сентябри соли 1947 дар деҳаи Хистеварзи ноҳияи Б.Ғафуров таваллуд шудааст. Аз соли 1954 то 1964 дар мактаби № 38, 5 деҳаи Хистеварз ва мактаб – интернати шаҳри Чкалов(имрӯза Бӯстон) таҳсил кардааст. Соли 1968 ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1973 онро хатм намудааст. Аз солҳои 1973 дар шӯъбаҳои корҳои дохилӣ: нозири хонаи кӯдакони назди шӯъбаи корҳои дохилӣ(1973), муфаттиши шӯъбаи корҳои хоҷагии ноҳияи Хуҷанд (1974-1976), муфаттиши калони шӯъбаи қисми соҳили рости шаҳри Ленинобод(1976-1978), сардори тафтишотии шӯъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд(1980-1983), сардори шӯъбаи ҷустуҷӯӣ-ҷиноии шаҳри Хуҷанд(1985-1987), муовини сардори РКД-и вилояти Ленинобод(1992-1995), муовини аввали сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд(1995-1996), сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд(1996-1997), муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон(1997-2005) фаъолият намудааст.

  Бешак, ингуна инсонҳои шариф манфиатҳои ҷамъиятиву давлатиро аз манфиатҳои шахсӣ афзал дониста, донишу маҳорат, малакаи касбӣ ва нерӯву қувваи худро баҳри беҳдошти зиндагии осудаҳолонаи мардум, таъмини тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, пойдории сулҳи комил дар кишвари маҳбубамон равона намуда, умри хешро чун намунаи олии ватандорӣ дар пайи хидмат ба мардум ва иҷрои рисолати боифтихору пуршарафи хеш сипарӣ намуда, ба дараҷаи баланди инсонӣ комёбу шарафманд гардиданд.

Хизматҳои шоёни Абдуманнон Ғозиев бо медалу нишонҳо, Сипосномаю Ифтихорномаҳо қадршиносӣ гардидааст.

  Барои ғанӣ гардонидани фонди осорхона кормандони шӯъбаи таърихи давраи муосир аз Нӯъмонова Раъно ҳамсари Абдуманнон Ғозиев медалу нишонҳо, ифтихорномаю сипосномаҳо ва либоси низомии генералро  қабул намуданд.

   Аз номи маъмурият ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ба ҳамсари Абдуманнон Ғозиев барои дастрас намудани маводҳои мазкур арзи сипос баён менамоем.

            Хоҷаева М. - мудири шӯъбаи таърихи

        давраи муосири МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”                    

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОНамунаи ибрати ҳамагон
Scroll to Top