Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғди Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” конфронси илмӣ таҳти унвони “Сарвари мо – ифтихори мо” доир гардид.
Конфронс бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимов И.С. чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро ба ин макони таърихию фарҳангӣ хайрамақдам гуфта, бо “Рӯзи Президент” табрик намуданд.
Дар ҷараёни кори конфронс Усмонова Фароғат-мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Вилояти Суғд зери унвони “Пешвои мо – ифтихори мо”, Ботурҷон Олимов-номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ дар мавзӯи “Ташаббусҳои созандаву ибратбахши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳони муосир”, Шавкат Шарипов-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археологияи факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров таҳти мавзӯи “Эмомалӣ Раҳмон – шаҳриёри хирадандеша ва сиёсатмадори фазилатпеша: мулоҳизае чанд дар ҳошияи мактаби давлатдории Пешвои миллат”, Олимова Нодира-ҷонишини омир оид ба корҳои илмии МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар мавзӯи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди фарҳанг” маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд. Қайд гардид, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, пайваста зикр мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забону фарҳанг ва ёдгориҳои таърихӣ ба ҳисоб меравад. Дар анҷоми конфронс байни коршиносони соҳа ва донишҷӯён мубодилаи афкор доир гардида, Холидаи Ниёздухт – донишҷӯи курси 3-юми ДДҲБСТ андешаҳои худро бо хондани шеъри тозаэҷодаш баён намуд.
Дар чорабинӣ ҳамчунин Комилов А. - намояндаи иттифоқҳои касабаи коркунони фарҳанг, иттилоот ва сайёҳӣ, Раҳимов Н. –доктори илмҳои таърих, профессор, Файзуллоев М. –номзади илмҳои таърих, дотсент, намояндагони Раёсати фарҳанги вилояти Суғд, муассисаҳои фарҳангӣ, устодон ва донишҷӯёни ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва ДДҲБСТ, омӯзгорони фанни таърих ва ҳуқуқи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хуҷанд, намояндагони ВАО-и шаҳру вилоят, кормандони МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд” ҳузур доштанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари хизматҳои шоистаи хеш ба халқу миллати худ, хушбахтона осори гаронмоя ва гаронбаҳое баҳри миллат тақдим намудаанд, ки боиси сарфарозии ҳар як фарди бо нангу номуси миллат мебошад. Дар ин радиф дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишии китобҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд. Ҳамчунин дар гӯша асарҳои олимону адибон, ки доир ба фаъолияти пурмаҳсули Президенти кишвар ба нашр расидаанд, пешкаши ҳаводорон гардидааст. Ин китобҳо аз фонди китобхонаи илмии муассиса аст.
Дар анҷоми конфронс иштирокдорон аз толорҳои намоишӣ дидан намуданд.
Ҳадаф аз баргузории ин чорабинӣ дар қалби наврасону ҷавонон бедор намудани руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ мебошад.