Лати бинӣ ҷузъе аз ҷавоҳироти занона ба ҳисоб меравад, ки яке аз номҳои асосии он “аравак”мебошад. Таърихи пайдоиши он бо фаъолияти тиҷоратии тоҷирони араб ва истилои арабҳо алоқамандӣ дорад. Маълумот дар бораи мавҷудияти ин ороишот ҳанӯз на он қадар зиёд аст. Локин дар баъзе аз мусаввараҳои асри XVI дар бинии пиразанҳо ин ҳалқаҳо тасвир ёфтаанд. Шакли лати бинӣ бисёртар ба гӯшвораи “муҳаммадӣ” монандӣ дорад, ки сохти он камоншакл аст. Лати биниро бо нигинҳо ва резамӯҳраҳо оро медоданд. Онро “латва тош” низ меноманд. Лати бинӣ ҳам мисли дигар ҷавоҳирот маънои муҳофизатӣ дошта, сарфи назар аз он, ки онҳо дар шакли ороишот пайдо шудаанд, онҳоро ороиши алоҳида номидан хело душвор аст. Бисёриҳо мегуфтанд, ки “Чаро занҳои зебо дар бинӣ сӯрохӣ карда, ҳалқа гузаронида, ҳусни худро тағйир медиҳанд?” Дар асри XIX барои ғуломон ангуштарини нуқрагинро ба сӯрохии бинӣ меандохтанд. Тахмин кардан мумкин аст, ки ин ороишот нишонаи шахсӣ буд, ки ба табақаи поён ва ё ба ғуломон тааллуқ дошт. Дар асри ХХ ин намуди ҷавоҳирот қариб, ки аз байн рафта буд. Алҳол бошад баъзе аз занону духтарон аз намудҳои гуногуни ин ороишот истифода мебаранд.
Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд 2 адад лати бинӣ ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Онҳо аз нуқра ва тилло сохта шудаанд. Лати бинии нуқрагинро 26 майи соли 1958 ва лати бинии тиллогинро 25 феврали соли 1988 қабул карда шудааст.
Ӯрмонҷонова Адиба:
Сармуҳофизи фонд.