Асарест дар пайравии «Калила ва Димна» аз тарафи шоир, ориф, мунаҷҷим, муфассир ва донишманди нимаи охири асри XIV ва аввали асри XV Мавлоно Камолуддин Њусайн Воизи Кошифӣ мебошад. Муаллифи асар дар Хуросони Эрон таваллуд шуда, айёми кўдакиро дар зодгоҳаш гузаронида, таҳсилоташро низ дар ҳамон ҷо гирифтааст. Кошифӣ дар соири улуми гуногуни динию дунявӣ дасте дошта, ваъзу иншоро хуб медонист. Падараш аз донишмандон ва акобири уламои замони худ ба ҳисоб рафта, зоҳиран, Ҳусайн таҳсилоти аввалаашро назди падари худ гирифтааст.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо, Кошифӣ соҳиби савти зебо будааст ва ба Ҳирот сафар карда, дар масоҷиди он ҷо ба ваъзу насиҳат машғул мешудааст. Кошифӣ соли 1504 вафот карда, аз ў осори гаронбаҳое боқӣ мондааст.
Мусаннафоти Ҳусайн Воизи Кошифӣ бисёр буда, аз ҷумла «Ҷавоҳиру-т-тафсир», «Мавоҳибу ъалайҳи», «Равзату-ш-шуҳадо», «Анвори суҳайлӣ», «Махзану-л-иншо», «Ахлоқи мўҳсинӣ» ва «Ихтиёрот» мебошад. Дар мақолаи мазкур номи асар минбаъд бо ихтисори А.С. (Анвори Суҳайлӣ) меояд.
А.С. яке аз осори ў буда, мавзўи меҳвари мақолаи мазкур ҳаминро дарбар мегирад. А.С. аз таҳрирҳои «Калила ва Димна» буда, маҷмўаи ҳикоятҳо ва ривоятҳои панду андарзӣ аз забони паррандагон ва дигар ҳайвонот мебошад. Сабаби таҳрири «Калила ва Димна» рафъи луғоти мушкила, муболиға дар истиороту ташбеҳот ва ибороти тўлонӣ ва алфози душвор аст.
Инчунин Кошифӣ ба ҷои порчаҳои манзуму зарбулмасалҳо ва ашъори забони арабӣ аз порчаҳову зарбулмасалҳо ва ашъори форсӣ-тоҷикиро фаровон истифода кардааст. Кошифӣ таҳрири матни китоби мавриди назарро дар асоси матни «Калила ва Димна»-и Абулмаолии Насруллоҳ (с.ваф. пеш аз 583/1187) китобат кардааст.
Соли таълифи А.С. маълум набуда, сарчашмаҳо бар онанд, ки китоби мазкур ба а. XV мутааллиқ мебошад. Кошифӣ А.С.-ро, ки дувумин ривояти форсии «Калила ва Димна»-и арабист бо чанд таѓ
тағйири муҳим бознигорӣ кардааст.
А.С. аз китобҳои маънавӣ ба ҳисоб рафта, дар робита бо ҷомеъа ҳамдаст мебошад. Илова бар ин, тўли чанд сол дар Ҳиндустон ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷўёни мактабҳои олӣ хидмат кардааст. Дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд яке аз нусхаи китоби мазкукр таҳти рақами №4169 нигаҳдорӣ мешавад, ки он низ тарҷумаи Ҳусайн Воизи Кошифӣ бо забони форсӣ-тоҷикӣ мебошад
Туробов Илҳомҷон:
Мудири шуъбаи
дастхатҳо ва табъу нашр.