Дар давоми таътили тирамоҳӣ баҳри ривоҷи донишу ҷаҳонбинӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии наврасону ҷавонон аз осорхонаҳои Муассисаи давлатии “Маҷмаи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дидан намуданд. Боиси ифтихор аст, ки рӯз аз рӯз мафкураи наврасони мо ғанӣ гардида, онҳо ворисони арзандаву давомдиҳандаи кору пайкори ниёгони хеш шуда истодаанд. Дар ин радиф дар давраи таътили тирамоҳӣ аз МТМУ-ҳои ҳудуди вилояти Суғд хонандагон аз осорхонаҳо боздид намуда, савияи дониши худро баланд бардоштанд. Ба хонандагон дар рафти тамошо аз тарафи роҳбаладон маълумоти пурра дода шуд. Дониши аз худ намудаи толибилмон аз осорхона ин дастурамал барои омӯзиши ҳарчи бештари таъриху фарҳанги миллат мебошад.
Баротова М.-роҳбалади осорхонаи бостоншиносӣ ва
истеҳкомоти Хуҷанд ба номи академик Н.Неъматов