Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Либоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллат

User Rating:  / 0
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Либос аз қадимулайём ифодагари таъриху маданият, фарҳангу иҷтимоиёт, тарзи зисту зиндагонӣ, урфу одат ва анъанаи мардум буда, дар ҳар маҳал хусусияти хоси худро дорад. Эҳтироми либоси миллӣ қарзи ҳар як шаҳрвандест, ки миллаташ дорои таърих ва тамаддуни  ғанӣ мебошад. Кишварҳои зиёде ҳастанд, ки ҳатто нишонаҳои  фарқкунандаи миллӣ надоранд. Вале мо – тоҷикон хушбахт аз онем, ки дорои таърихи чандинҳазорсола ҳастем ва нақшу нигори  миллии мо дар либоси мо низ инъикос ёфтааст.

Либоси миллӣ хоси ҳар як давлат буда, аҳамият додан ба он яке аз рукнҳои асосии давлатдорист. Ин аст, ки сол аз сол таваҷҷӯҳи давлату ҳукумат ҳам ба либоси миллӣ бештар гардида, барои эҳё намудани анъанаву маросимҳо ва ҳунарҳои милливу аҷдодӣ, ҳамчунин либосҳои хоси миллати тоҷик тадбирҳои судманд андешида мешавад.

Либоси миллии тоҷикон бо тарзи зиндагӣ ва рӯзгордории онҳо иртиботи қавӣ дошта, дар шаклёбии он раванди таърихӣ ва равобити фарҳангӣ, тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии миллат таҷассум гардидааст. Дар давоми асрҳои зиёд он шакл гирифта, ба фарҳанги либоси миллии дигар халқиятҳои маскуни Осиёи Миёна таъсири худро расонидааст. Либосҳои анъанавии тоҷикон ҳамчун оинаи таърих ҳаёти иҷтимоӣ ва зебоипарастии ҷамъият, сатҳ ва хусусияти қувваҳои истеҳсолкунанда, саҳифаҳои рангини давра дастовардҳои назарраси фарҳангиро дар худ таҷассум менамояд.

Барои ҳамагон равшан аст, ки дар Тоҷикистони азиз мо атласу адраси чашмрабои мардуми Суғд, гулбасту куртачаканҳои дилкаши ҳунармандони Хатлон, гулдӯзиҳои нотакрори чеварони минтақаи Рашт, алочаву шоҳии чирадастони водии Ҳисор, рангҳои пурҷилои куртаву тоқӣ ва ҷӯробҳои зебои занҳои ҳунарпарасти Бадахшон хеле овозадор буда, либоси миллии мо маҳз бо ҳамин рангу ҷилоҳои минтақаҳои кишвари мо дар ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша як нуктаро таъкид месозад: дар шароити ҷаҳонишавӣ агар хоҳанд давлатеро аз байн баранд, аввал забон ва баъдан фарҳангашро нест мекунанд. Аз ин хотир, моро зарур аст, ки ба зуҳуроти нангини бегонапарастӣ ҳарчӣ зудтар хотима бахшида, сару либосҳои миллии духтарону бонувонро бештар тарғиб намоем, пеши роҳи тақлиду таассуб ва зоҳирпарастиро гирем ва дар миёни занону бонувон корҳои фаҳмондадиҳиро вусъат бахшем.

 

   Исломова Сайфияхон

 Корманди илмии шӯъбаи

                                                                                    таърихи давраи муосир

                                                                                 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЛибоси миллӣ – таҷассумгари фарҳанги миллат
Scroll to Top