Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994
дар райпурсии умумихалқӣ қабул шуд. 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба он тағйиру иловаҳо ворид гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамачониба инъикос намудааст. Конститутсия аз ғояи ҳокимияти халқ, ки моҳияти соҳибихтиёрии халқро дар бар мегирад, сарчашма гирифта, дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Точикистон таҷассуми худро пайдо намудааст. Дар асоси Конститутсия дар даврони соҳибистиклолӣ аз давлату ҳукумати кишвар бо максади таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонӣ дар ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ чораҳои муассир андешида шуда, як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари давраи нави рушду инкишофи давлат ва таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик аст. Баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон бо назардошти гузариш аз як сохти иҷтимоӣ ба сохти дигар, куллан дигаргуншавии муносибат ва арзишҳои нави ҷомеа зарурати мувофиқгардонии сохтори давлатӣ, сиёсӣ, иҷтисодӣ ва иҷтимоии он ба шароити нави рушди муносибатҳои ҷамъиятӣ ва давлатдорӣ ба миён омад. Принсип ва меъёрҳое, ки дар Конститутсия ифода ёфтаанд, заминаи инкишофи бунёди давлати соҳибистиқлол ва низоми ҳуқуқии кишварро муайян намуда, волоияти онро нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуд.
Конститутсия халқро ба сифати баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф намуда, асосу зербинои ҳуқуқиро ба сифати кафолати танзими солими муносибатҳои ҷамъиятӣ муқаррар намуд ва барои аз нигоҳи ҳуқуқӣ дуруст ба низом даровардани меъёрҳои қонун ва тартибу усули ҳуқуқи амалигардонии онҳо замина ба вуҷуд овард.
Нақши таърихии ин санади олии ҳуқуқӣ, пеш аз ҳама, дар он аст, ки аз солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ шаҳрвандони кишвар ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ, сарнавишти худро маҳз тибқи муқарарроти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиро мушаххас гардонанд.
Эҳтиром ва риояи меъёрҳои Конститутсия нишонаи беҳтарини ҷомеаи соҳибфарҳангу масъулиятшинос буда, дар навбати худ шарти муҳимтарини оромиву осоиш ва пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин зиндагии босаодати ҳар як сокини мамлакат мебошад.
Бояд қайд кард, ки ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ки зинаи муайянкунандаи рушди давлат ва ҷамъияти мустакил буда, натиҷаи инкишофи тӯлонии низоми ҳуқуқии инсоният ва олитарин арзиши иҷтимоӣ ба шумор меравад, аз Конститутсия сарчашма гирифта, дар ҳамаи қонунҳои амалкунандаи давлатамон мукаммал гардонида шудааст.
Бо мақсади таъмини волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, дар кишварамон фазои ҳуқуқии мусоид фароҳам оварда шудааст.
Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон собит аз он мебошад, ки ин санади тақдирсози миллат, бунёдгузори давлати мо на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд аввалиндараҷа буда, ин нуқта зарурат ба шарҳ надорад, ва барои рушду инкишофи ин сарзамин ва миллати куханбунёд боз садсолаҳо хизмат хоҳад кард.
Н.Олимова – ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ
М.Хоҷаева – мудири шӯъбаи таърихи давраи муосири
МД “МФТ “Қалъаи Хуҷанд”