Толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд вобаста ба даврабандии таърихӣ ба якчанд давра тақсим карда шудааст, ки яке аз он “Маданияти халқҳои Осиёи Миёна дар асрҳои Х-Х1” ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин давра нигораҳое ба маърази тамошо гузошта шудааст, ки тавассути онҳо тамошобин метавонад аз пешрафти илму адаб ва маданияти тоҷик дар давраи Сомониён шиносоии комил пайдо намояд. Ин давра яке аз марҳилаҳои бузургтарини инкишофи маданияти тоҷикон ҳисоб меёбад. Салтанати Сомониён (879-999) давраи тиллоии таъриху маданияти халқи тоҷик, замони соҳибдавлатию соҳибзабонӣ, дорои шароитҳои мусоид барои пешрафти иқтисодиёт, илму фарҳанг ва ҳунармандӣ маҳсуб гардидааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар конфронси байналхалқии илмӣ бахшида ба 1100-солагии давлати Сомониён маданияти ин давраро хеле хуб инъикос намуда, зикр дошта буданд, ки «Барои мо тараққиёти фарҳанги маънавии ин давра аҳамияти махсус дорад, ки таҳдоби густариши минбаъдаи фарҳанги халқи тоҷикро бунёд намудааст».
Бино ба далелҳои таърихӣ давлати Сомониён дар заминаи анъанаҳои эҳёгардида бунёд ёфта, дар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва адабӣ комёбиҳои бузург ба даст оварда, мамлакатро аз тороҷгарони хориҷӣ ҳифз карда, заҳмати осоиштаи деҳқонон ва косибонро таъмин намудааст. Дар экспозитсия акси асосгузори давлати Сомониён – Исмоили Сомонӣ ва номгӯи даҳ девон, ки тавассути онҳо давлати Сомониён идора мегардид, нишон дода шудааст.
Дар давраи Сомониён барои ба майдони эҷоду фаъолият қадам ниҳодани силсилаи олимону адибони ҷаҳоншумул шароит муҳайё гардид. Поягузорони адабиёти тоҷику форс Абўабдуллоҳ Ҷаъфари Рўдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, олими бузург, мунаҷҷим Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, мутафаккир, олим, табиб Абўалӣ ибни Сино аз ҳамин ҷумлаанд.
Маданияти моддии давраи Сомониён хеле бой ва гуногунранг буда, намунаҳои барҷастаи он ҳамчун осори бебаҳои маданияти ҷаҳонӣ ҳисобида мешавад. Дар меъмории замони Сомониён як қатор унсурҳои нав дар санъати бинокорӣ, хусусан меъмории монументалӣ мушоҳида мешавад. Масалан, васеъ истифода шудани хишти пухта яке аз фарқиятҳои куллӣ дар ин давра ба ҳисоб меравад. Услуби гузориши декоритивии хиштҳои пухта, ки дар замони Сомониён ихтироъ шуда буд, солхои тўлонӣ аҳамияти худро гум накарда, дар объектҳои меъмории Осиёи Миёна татбиқи худро дарёфт. Дараҷаи баланди санъати бинокории он давраро бинои классикии монументалӣ, ба монанди мақбараи Сомониён дар Бухоро тасдиқ менамояд. Меъмории асрҳои IХ-Х пеш аз ҳама ҷолиби қайд аст, ки бештар бо меъмории замони пешина зич алоқаманд буд, ки ба он “Мақбараи шоҳ Исмоили Сомонӣ” ва “Меҳроби Ашт” мисол шуда метавонад. Меъморон онро аз рўи лоиҳаи пешакӣ, бо назардошти тамоми талаботи зебоии меъморӣ сохтаанд, ки таваҷҷўҳи мардумони зиёдро ба худ ҷалб менамояд. Дар меъмории он анъанаҳои гузаштаи маҳаллии суғдиён баръало намоён буда, инчунин хусусиятҳои нави ба замони феодализм хос ба чашм мерасад.
Дар асрҳои IХ-Х як қатор намудҳои санъати ороишӣ-амалӣ инкишофи минбаъдаи худро меёбад. Масалан, нақшу нигори зарфҳои сафолин, рангу ороиш додани матоъҳо, гилемҳо, санъати хаттотӣ, кандакорӣ дар рўи оҳан, коркарди шиша ва ғайра. Истифодаи нақшҳои зооморфӣ, яъне тасвири ҳайвонҳо ва хазандаҳою паррандаҳо дар ороиши асбобҳои рӯзгор низ ба мушоҳида мерасад. Ин нақшҳоро масалан дар ҳован ё худ ӯғурча, симобдон дидан мумкин аст, ки дар ин давра намунаи олии санъати кандакорӣ ба ҳисоб меравад.
Майлу рағбат ва ҳамкории хокимони Сомонӣ дар болоравӣ ва беҳдошти осори маданӣ, забон, адабиёт, анъаноти маҳалли мардумони имрўзаро ба ҳайрат меоваранд. Мақоми Исмоили Сомонӣ дар пайдоиш ва рушду камоли забони адабии классикии форсу тоҷик хеле бузург аст.
Замони Сомониён марҳилаи гулгулшукуфии адабиёти классикии форсу тоҷик ба шумор меравад. «Шоҳнома»-и ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар адабиёти безаволи мардуми форсу тоҷик сарчашмаи муҳимтарини омўзиши таъриху фарҳанги аҳди қадим аст. Дар он тамоми хислатҳои тоҷикон – мардонагӣ, далерӣ, шуҷоатмандӣ, дурандешӣ ва қаҳрамонии онон инъикоси худро ёфтааст. Фирдавсӣ бо ин асараш мехост ҳиссиёти ватанпарварии мардумро баланд бардошта, муборизаи қувваҳои некӣ ва бадиро инъикос намояд. Аз ин хотир “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ дар намоиш гузошта шудааст.
Дигар намояндаи илми асри IХ-Х Абўалӣ ибни Сино (960-1037) буд, ки аллакай дар синни 18-солагӣ қариб ҳамаи илмҳои замонашро омўхта буд. Имрўз 40 асари ў доир ба тиб, 185 асари фалсафӣ ва мантиқ, 30 рисолаи астрономӣ ва илмҳои табиатшиносӣ, 3 асари мусиқии ў маълум аст. «Ал-қонун фи-т-тиб» (Қонуни тиб) ҳамчун Қомуси тиббӣ дар 5 қисм дар тамоми ҷаҳон истифода мешавад. Асарҳои ў «Китоб-уш-шифо» (Китоби шифо), «Донишнома» ва ғайра илмҳои мавҷударо ба амалӣ ва назариявӣ ҷудо менамояд.
Дар асрҳои IХ-Х адабиёти бадеӣ, хусусан шеъру шоирӣ ба дараҷаи олӣ мерасад. Ба ин давра фаъолияти бисёр шоирон ва нависандагон рост меояд. Абўабдуллоҳи Рўдакӣ, Робиаи Балхӣ, Дақиқӣ ва дигарон шевогию равонии шеърҳои тоҷикиро таъмин намуданд. Дар лирикаи худ онҳо муҳаббати софи инсонӣ, ақлу хирад, ҷасурию ростӣ ва хирадмандиро тарғибу ташвиқ намудаанд. Хусусан, Рўдакии бузург жанрҳои маснавӣ, қасида, ғазал ва рубоиро ба қуллаи баланд бардоштааст, ки нимпайкараи асосгузори адабиёти классикии тоҷик устод Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ дар намоиш ҷой дода шудааст.
Аҳли илму адаб ва ҳунармандони давраи Сомониён ва асарҳои онҳо нишондиҳандаи маданияти маънавии халқи тоҷик буда, марҳилаи нави инкишофи маданияти тоҷикро бо номи «Эҳёи Аҷам» боз менамоянд.
Аслиниссо Ёдгори-мудири шӯъбаи
оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа