Китоби мазкур маҷмўаи мақолоту пажўҳишот ва осори донишманди варзидаи тоҷик устод Абдулманнони Насриддин буда, соли 2013 бахшида ба ҷашни 60-солагии устод Абдулманнони Насриддин аз зери назари шоираи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона ба нашр расидааст. Таҳияи китоб аз тарафи фарзанди эшон доктори илмҳои филологӣ профессор Фахриддин Насриддинов рўи коғаз омада, ҳафт ҷилдро ташкил медиҳад. Дар китоби мавриди назар масоили адабӣ, вазъи адабӣ, матншиносӣ, нусхашиносӣ, шарҳнависӣ, ҳавзаҳо ва доираҳои адабӣ, ошноӣ бо тарҷумаҳои форсии «Қуръони карим» дар Эрону Тоҷикистон, фарҳангҳо, нақду баррасии китобу мақолот донишмандон ва сухансароёни Хуҷанд аз қабили Садруддини Хуҷандӣ, Ҷамолуддини Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатуддини Хуҷандӣ, Камоли Хуҷандӣ, Хаёлии Хуҷандӣ ва садҳо шоирони дигар мавриди пажўҳиш қарор гирифтаанд. Соли ҷорӣ бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани савияи донишу маърифати кормандону мутахассисони МД МФТ «Қалъаи Хуҷанд» дар китобхонаи илмии муассисаи мазкур китобҳои илмӣ-адабӣ ва таърихӣ харидорӣ гардидаанд, ки китоби фавқуззикр аз зумраи онҳост.
Туробов Илҳом. Мудири шӯъбаи
дастхатҳо ва табъу нашри
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”