Ҳунарҳои мардумӣ шуғли асосии аҳолии шаҳр ба ҳисоб рафта, он бо саноати истеҳсоли дастӣ вобаста буд. Дар иқтисодиёти Хуҷанд чун дар дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна аҳамияти асосиро касбу ҳунари истеҳсолӣ мебозид.
Аз рӯи маълумотҳои бойгонӣ зиёда аз 100 соҳаҳои машғулияти халқӣ мавҷуд буд, ки онҳоро боз ба гурӯҳҳо тақсим менамуданд. Аз байни ин машғулиятҳо ҳунари кулолӣ, ки қадимтарин ба ҳисоб мерафт ба соҳаҳои мустақили зерин тақсим мешуд:
Чинисозӣ (истеҳсоли зарфҳои фаянсӣ)
Кулолгарӣ (истеҳсоли асбобҳои гилин)
Танӯргарӣ (истеҳсоли танӯр барои пухтани нон)
Аз рӯи маълумотҳои китоби “Муқаддимаи таърихи Хуҷанд”-и муаррихи тавоно Абдулло Мирбобоев Хуҷанди гузашта дар ҳақиқат макони косибон буд. Зиёда аз 90 фоизи аҳолии ин шаҳр бо ягон навъи ҳунар машғулият дошт, ки кулолгарию чинипазӣ аз ҷумлаи онҳо буданд. Дар маъхазҳо омадааст, ки дар миёнаҳои дуюми асри ХIХ дар Хуҷанд зиёда аз дувоздаҳ устохонаи кулолӣ фаъолият мекард.
Пешаи чинигарӣ дар Хуҷанд нисбатан ҷавон аст. Чунон ки аз номаш ҳам ҳувайдост, ин ҳунар бори нахуст дар мулки Чин рӯи кор омадааст. Аз осори хаттӣ бармеояд, ки дар худи мулки Чин низ русуми чинипазӣ дар асрҳои VII-VIII ба миён омадааст.
Олимон – бостоншиносон муайян намудаанд, ки порчаҳои алоҳидаи зарфҳои чинӣ аз Косон, Хуҷанд, Афросиёби Самарқанд ба даст омада, ба асрҳои Х-ХII мансубанд.
Чиннипазҳои Хуҷанд танҳо зарфҳои сафедлойро истеҳсол мекарданд, ки онро бо истилоҳи забони русӣ “фаянс” гӯянд ё худ зарфҳои фаянсӣ.
Дар шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Чусти водии Фарғона пухтани зарфҳои чинӣ танҳо аз нимаи дуюми асри ХIХ ба роҳ монда шуд. Баъди ба Россия ҳамроҳшавӣ дар Осиёи Миёна савдо зуд тараққӣ кард. Робитаҳои иқтисодӣ бо Россия зичтар мешавад. Хелҳои молҳои аз Россия оварда мешудагӣ ба монанди чой, қанд, маснуоти металлӣ, зарфҳои металлӣ, чиниворӣ ва ғайра торафт бисёртар ба муомилот дохил мешуданд. Яке аз он маснуотҳое, ки диққати мардумро бештар ба худ мекашид ин зарфҳои истеҳсоли фабрикаи Кузнетсов буд.
Маҳсулоти заводҳои Кузнетсов дере нагузашта шӯҳрати сазовор пайдо кард. Молҳои Кузнетсов бо сифати хуб ва тозагии ороиш машҳур буданд: косаҳои бориктарин аз намунаҳои беҳтарини сафолини чинӣ ва Аврупои Ғарбӣ кам набуданд.
Дар солҳои 70-80-уми асри ХIХ устоҳои чинипази шаҳри Хуҷанд зарурати хоси аҳолии русзабони шаҳрамонро ба назар гирифта, барои ин гурӯҳи аҳолӣ низ бо завқи зебопарастии эшон зарфҳои ҳархела сохта ва онҳоро бо нақшу нигори завқи аврупоиён оро медоданд.
Устоҳои чинипаз асосан дар маҳаллаҳои Гузари Қозӣ ва Гунбази Хоҷа Амин кору зиндагӣ доштанд.
Ҳатто устоҳои чинипази шаҳри Хуҷанд дар намоиши ҳунарҳои косибони Осиёи Миёна дар шаҳрҳои Россия доир мегашт, иштирок мекарданд. Яке аз ин ҳунармандон писари Муҳаммад Шукур – усто Муллокомил буд, ки ӯ соли 1902 дар шаҳри Петербург дар намоиши ҳунарҳои косибони Осиёи Миёна иштирок карда, маҳсули дасти худ ду адад табақи ош, ду адад коса ва ду адад пиёларо ба намоиш гузошта, сазовори нишони биринҷӣ гардида буд.
Дар толори таъриху тамаддуни тоҷикон дар кунҷи толори намоишӣ оид ба мавзӯи “Маданият, илм ва адабиёти асри ХIХ” яке аз намунаҳои хонаи миллии мардуми Хуҷандшаҳр ҷой дода шудааст, ки аз санъати баланду нотакрори ҳунари гаҷкорӣ, наққошӣ ва кандакории халқи тоҷик шаҳодат медиҳад. Ҳамчунин дар токчаҳои хонаи миллӣ коса, пиёла, чойникҳои истеҳсоли фабрикаи Кузнетсов ба миқдори 15 адад ба намоиш гузошта шудааст. Дар маҷмӯъ дар фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 200 адад зарфҳои фабрикаи Кузнетсов маҳфуз аст.
Мирзоева И.П.-роҳбалади
МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”