Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Табарзин ва тарзи истифодаи он

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Табарзин, як навъ аслиҳаи ҷангӣ, абзори филизӣ бо дастаи оҳанӣ ва ё чӯбӣ, ки шакли он ба табар монанд буда, онро сипоҳиён ба пеши зини асп овезон мекарданд ва дар вақти зарурат барои аз душман дифоъ кардан истифода менамуданд. Аз сабаби он, ки аз олоти ҷангиён будааст ва ба зини аспи онҳо баста мешудааст, онро табарзин мегуфтанд. Табарзин дар даврони Хахоманишиён як абзори ҷангӣ будааст. Дар ҳаҷҷориҳои Тахти Ҷамшед низ табаре дар дастаи аслиҳадори шоҳ дида мешаванд, ки як тарафи он ба шакли мурғобӣ аст ва теғаи он дар минқори вай қарор дорад. Бостоншиносон намунаҳои гуногуни табарзинро аз кишварҳои мардуми ориёнитабор пайдо кардаанд. Табарзинро дар даврони Сосониён низ ҳамчун аслиҳаи саворанизом ба кор мебурданд. Баътар  дар кишварҳои арабӣ, Африқои Шимолӣ ва Андасус низ сипоҳиёни саворанизом табарзинро  дар зини аспи худ ва ё ғилофе мегузоштанд. Дар замонҳои пеш табарзинро савораҳо барои ҷанги байни худ ба кор мебурданд.

Табарзинро дарвешон низ ба хӯрҷин ва ё ба миёнбанди худ баста мегаштанд. Дар баъзе ҷойҳо дарвешон  дар девори такяи худ табар ва ё табарзин насб мекарданд ва ҳатто баъзе дарвешон дар камарбанди худ табарзини хурд доштанд.

Дар давраи Лутфалишоҳи Коҷор табарҳо дар шаклҳои  ороишӣ, бо имзои ӯ ва зебу зинат сохта мешудаанд. Дар даврони ин шоҳ табарҳое  сохта шудаанд, ки дар рӯяшон оятҳои Қуръон низ сабт гардида буданд.

Дар коллексияи фонди осорхона табарзине мавҷуд аст, ки солҳои охир ҷамъовари гардидааст. Табарзини мазкур аз сокини шаҳри Хуҷанд дастрас гардида .....

Ҳоло оҳангарони чирадасти тоҷик бар асоси нишонаҳои бостонӣ табарзинҳои нав месозанд ва онҳоро ҳамчун армуғон ба сайёҳон пешкаш менамоянд.

                                                            М.Мамадҷонова – мудири шӯъбаи 

                                                           таърихи МД “Маҷмааи фарҳангию 

                                                          таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОТабарзин ва тарзи истифодаи он
Scroll to Top