Бӯрё дар гузашта яке аз ашёи муҳими рӯзгор буд. Онро ба фарши хона барои нам накашидани гилем, қолину палос аз таги онҳо паҳн мекарданд. Ҳангоми бомпӯшӣ дар хонаҳои анъанавии деҳот низ бӯрёро истифода мебурданд. Бӯрёро ҳамчун гилем низ истифода мебурданд. Ҳунари бӯрёбофӣ имрӯз ҳам дар баъзе деҳоти Тоҷикистон роиҷ аст. Дар деҳаҳо ҳоло ҳам бӯрёро дар хонаҳои суннатӣ истифода мебаранд.
Бӯрёбофӣ, ҳунари анъанавии мардумӣ, ки дар раванди он аз пояи шикастаи най бӯрё-ҳасир бофта мешаванд. Устои ин ҳунарро бӯрёбоф ё ҳасирбоф меноманд. Барои бофтани бӯрё пояи хушки найро аз найзор ба андозаи 1,80-2 м даравида, баргҳои онро ҷудо карда, бо асбоби кордмонанд найро ба ду қисм ҷудо мекунанд. Дар натиҷа пораҳои дарозрӯяи тунук ҳосил мешаванд, ки онро бо тарзи панҷара мебофанд. Канорҳои бӯрёро бо миқдори махсус бурида росткунҷа менамоянд. Андозаи бӯрё маъмулан 1-1,5м, баъзан андаке калон ё хурдтар аз ин мешавад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ таҷассумгари ниёгонамон буда, дар фарши хонаҳои ҳавлии берун ва даруни он бӯрё густурда шудааст, ки тамошобинонро аз суннати гузаштагони хеш бохабар месозад.
Тошматова Таҳмина
роҳбалади Хона – музейи Камоли Хуҷандӣ