Дар Муассисаи давлатии Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии фаъолияти эҷодии рассом Раҳимов Умар Абдурасулович бо шогирдон конференсия-намоиши асарҳои илмиву эҷодӣ таҳти унвони “Эъҷоз” баргузор гардид.
Конфронсро омири кулли муассиса Иброҳимов И.С. ифтитоҳ намуда, иттилоъ доданд, ки Раҳимов У. аъзои иттифоқи рассомони собиқ ИҶШС, аъзои иттифоқи рассомони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Академияи мусаввирони Тоҷикистон, дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим ҳастанд.
Дар рафти конфронс ҳамкорон, дӯстон ва шогирдони рассом ба сухан баромада, таҳниятҳои худро иброз намуданд.
Дар чорабинӣ намояндагони МДТ “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров доктори илмҳои таърих, ноиб ректори МДТ ДДХ оид ба тарбия Усмонов А.У., намояндаи Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд Усмонова Ф., Ҷӯраева Х. – номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, декани факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, Ҳасанов С.– номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, Олов С. – дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим, Ҷӯраев Ғ. - директори АРТ - Галереяи Сомониён ва дигар устодону донишҷӯёни факултети Санъати тасвирӣ ва технология, факултети Санъати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Б. Ғафуров”, Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, мактаби рассомии шаҳри Хуҷанд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.
Дар фарҷом бо буридани лентаи рамзӣ иштирокдорон бо фаъолияти устоду шогирдон аз наздик ошноӣ пайдо намуданд. Дар рафти тамошо садои гӯшнавози мусиқии миллӣ ба ҳамагон рӯҳу илҳоми тоза бахшида, шукӯҳи чорабиниро дучанд гардонид.
Лозим ба тазаккур аст, ки Раҳимов Умар Абдурасулович соли 1961 дар оилаи ҳунарманд таваллуд ёфтааст. Баъди хатми мактаби миёна дар омӯзишгоҳи рассомӣ аз устодон – наққош Б.Абдураҳмонов, рассом Б.Аллаберганов сабақ омӯхтааст. Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров аллакай ҳамчун донишҷӯи болаёқат шинохта шуда, дар намоишҳои корҳои эҷодии донишҷӯён мунтазам иштирок мекард, ки яке аз онҳо ин ширкат дар намоиши корҳои эҷодии донишҷӯён ва ҷавонон дар шаҳри Маскав (1985) буд.
Рассом Раҳимов У. дар инкишофи санъати асили тоҷик амсоли наққошӣ, кошинкорӣ ва хишткорӣ саҳми босазо дорад. Ин рассоми номӣ асарҳои худро дар мавзӯъҳои мухталифи зиндагонӣ эҷод намудааст, ки аксарияти онҳо урфу одат ва анъанаҳои тоҷиконаро дар бар гирифтаанд.
Дар эҷодиёти рассом услуби эҷодӣ-хишткорӣ ва кошинкорӣ дар мавзӯи “Санъат” бинои МД “Кохи Рӯдакӣ”-ии шаҳри Хуҷанд хеле диққатҷалбкунанда буда, шоҳкории ин соҳа ба ҳисоб меравад.
Умарҷон Раҳимов Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Камоли Хуҷандӣ дар тарбияи шогирдони хушсалиқа саҳми босазо дорад, ки баргузории намоиши имрӯза тасдиқи ин гуфтаҳост.
Намоишгоҳро зиёда аз 70 адад асарҳои рассоми чирадаст Раҳимов У. ва шогирдонашон зеб медиҳад, ки муддати як моҳ шавқмандони санъати бадеъ аз он дидан намуда метавонанд. Ҳамчунин дастурҳои методӣ ва китобу мақолаҳои илмиву эҷодии дотсенти факултети Санъати тасвирӣ ва технологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров Раҳимов У.А. дар маърази тамошо қарор дорад.
Аслиниссо Ёдгори
Мудири шӯъбаи оммавӣ - фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеа