Дар доираи сафари корӣ меҳмонон аз вилояти Липетски Федератсияи Русия бо роҳбарии Президенти Палатаи савдо ва саноат Гольцов Анатолий Васильевич бо ҳайати ҳамроҳонашон баҳри шиносоӣ аз таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” низ дидан намуданд.
Ба меҳмонон аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба сайри илмии таърихӣ гузаронида шуда, онҳо бо таърихи таъсисёбии муассиса ва толорҳои экспозитсионӣ шинос шуданд.
Диққати меҳмононро бештар бозёфтҳо аз Саразми бостон, китобу дастхатҳо ва нигораҳои нодир ҷалб намуд. Меҳмонон ҳамчун рамзи дӯстӣ дар китоби “Меҳмонони фахрӣ” таассуроташонро иброз доштанд. бинандагон аз таъриху фарҳанги волои тоҷикон, гулҳои шукуфону фаввораҳои чароғон, тозагии гирду атроф ва боду ҳавои мусоид ба ваҷд омада, бо таассуроти нек аз муассиса баргаштанд.
Аслиниссо Ёдгорӣ
Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ
ва робита бо ҷомеа