Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Корҳои татқиқотӣ дар Қалъаи Хуҷанд

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзу омӯзиш ва нигоҳдории мероси ниёгон эътибори пайваста зоҳир мегардад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурамал оид ба ҳифзи меросӣ таърихию фарҳангӣ қабул гардида, дар асоси он барқарор ва тармими ин гуна ёдгориҳо дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бо муваффақият ба роҳ монда шуда, даҳҳо ёдгориҳо аз нав эҳё гардидаанд. Ба мисли қалъаҳои таърихии Ҳисор, Ҳулбук, Балҷувон, Муғтеппа ва дигарҳо.

Ёдгории Қалъаи Хуҷанд – мероси таърихию фарҳангии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, мансуб меёбад. Он ҷузъи асосии Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд” буда, дар феҳристи Мероси таърихӣ-фарҳангии Тоҷикистон Қайд шудааст ва дар зери ҳифзи давлатӣ қарор дорад.

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбиқи қарору қонунҳои амалкунанда ва санадҳо, МИҲД вилояти Суғд баҳри азнавсозӣ, барқарор намудани тарҳи таърихии Қалъа (арк, куҳандиз)-и Хуҷанд, дар мавзеи таърихии Қалъаи Хуҷанд, ки 6,3 га ҳудудро дар бар мегирад.

Идомаи корҳои ҳафриётӣ дар асоси варақаи кушод ва иҷозати №0009-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021 №2-11/1924 идома ёфта, корҳои тадқиқотӣ - бостоншиносӣ гузаронида шуданд. Тадқиқотҳо бо роҳбарии Азизов М.Д. - мушовири илмии МД “Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолӣ оид ба тармими ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳанги”-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон зери назорати Раҳимов Н.Т. – доктори илмҳои таърих, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Файзуллоев М. - номзади илмҳои таърих, дотсенти ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, якчанд устодону олимони ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров факултаи таърих  ба роҳ монда шуданд.

Олимова Нодира

Ҷонишини омир оид ба корҳои илмӣ

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОКорҳои татқиқотӣ дар Қалъаи Хуҷанд
Scroll to Top