Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрӣ, худидораи ғайритиҷорати буда, вазифаи асосиаш кӯмак расонидан ба шахсони ниёзманд, яккаву танҳо, маъюбону бепарасторон, беморон ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии онҳо мебошад.
Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бо ин ташкилот ҳамкории зич дошта, дар баргузории чорабиниҳои гуногун саҳми худро мегузорад. Чорабинии навбатӣ бахшида ба Рӯзи байналмиллаии коҳиши хавфи офатҳои табиӣ, ки ҳамасола санаи 13-уми октябр таҷлил мегардад, дар Боғи фарҳангӣ фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо ибтикори шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодаи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Иброҳимзода Б. ва кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба сухан баромада, оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва бемориҳои сирояткунанда ба ҷамъомадагон маълумоти муфассал доданд.
Ҳамчунин муҳассилини мактаби рассомии бачагонаи шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии омӯзгорон Саидова М. ва Қосимова М. дар рӯи қоғаз ва асфалт андешаҳои худро доир ба ин мавзӯъ инъикос намуданд. Дар ҷамъбаст ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Аслиниссо Ёдгорӣ
Корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”