Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ дар миқёси ҷумҳурӣ ҳамчун яке аз мавзеъҳои беҳтарини истироҳатӣ шинохта шудааст. Алҳол барои нигоҳдории зебогии боғ дар давраи тирамоҳу зимистон тадбирҳои мушаххас андешида шудаву саҳну гулгаштҳои он бо чамангулҳои глобусшакл (хризантема) ороиш ёфта истодааст. Тибқи иттилои директори боғ Шодибеков А.Қ. ин навъи гул аз миёнаҳои моҳи октябр мешукуфад ва то анҷоми моҳи декабр зебову шукуфон боқӣ мемонад. Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии Камоли Хуҷандӣ зиёда аз 2000 гулбуттаи хризантема шинонида истодаанд.
Хризантема ё худ чамангул мавсимӣ буда, дар ҳавои нисбатан салқин мешукуфад ва дар фасли тирамоҳу аввали зимистон гулгаштҳоро бо ҳусни нотакрораш зебу оро медиҳад. Ин навъи гул аз қадим дар Хитой парвариш карда мешуд. Онро бори аввал соли 1688 аз Осиё ба Ҳолландия ва соли 1789 ба дигар қисматҳои Аврупо бурдаанд. Алҳол хризантемаро дар Хитой, Ҷопон, Муғулистон, Шарқи Дур, Қафқоз, Қрим, Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо парвариш мекунанд. Дар Тоҷикистон бошад беш аз 80 навъи ин гул истифода мешавад.
Аслиниссо Ёдгори
Корманди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”