Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Боздиди сафири Ҷопон аз Осорхонаи таърихӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Сафири мухтор ва фавқуллоддаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мияшита Такаюки ва ҳайати ҳамроҳонаш аз Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”  низ боздид намуданд. Меҳмононро омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд Бойматов М. Т. қабул намуданд ва аз ҷониби корманди ҷавону умедбахш Мусоев Шакарбек сайри илмӣ гузаронида шуд. Меҳмонон бо толорҳои намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд шинос шуда, аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аз наздик огоҳӣ пайдо намуданд. Ҳамчунин ба Китоби мулоҳизоти меҳмонони фахрӣ таассуроти худро ба таври зайл нигоштанд:

Ин ҷои хуб ва диққатҷалбкунанда аст. Дар Осорхонаи таърихӣ нигораҳоро хеле хуб нигоҳ доштаанд ва зимни боздид маданияти тоҷиконро аз худ кардам.

Барои кормандони осорхона миннатдориамонро нисбати нигоҳдории хуби нигораҳо расонида, хушиҳои дунёро таманно дорам!”

Ҳадаф аз сафар ба вилояти Суғд ва боздид аз муассисаҳои таърихиву фарҳангӣ ин таҳкими равобити дуҷониба, баррасии имконоти мавҷуда ҷиҳати густариши робитаҳо, мубодилаи афкор ва огоҳии комил аз таъриху фарҳанги куҳани тоҷикон аст.

Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа 

Аслиниссо Ёдгори

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОБоздиди сафири Ҷопон аз Осорхонаи таърихӣ
Scroll to Top