Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Рӯзномаи “Овози тоҷик”

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Солҳои 1922-1924 ба роҳбарияти Ҷумҳурияти Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон чанд дафъа дар бораи таъсиси рӯзнома ва ҷаридаҳо бо забонҳои миллӣ, аз ҷумла забони тоҷикӣ дар вилояту шаҳрҳое, ки аҳолии асосиро намояндагони ин миллатҳо ташкил медиҳад, таклифҳо пешниҳод менамоянд.

Пешниҳод дар иҷлосияҳои комиссариати халқӣ оид ба масъалаҳои миллӣ баррасӣ мешавад. Пас аз чанд муддат дар хонаи маданияти шаҳри Самарқанд бо ибтикори роҳбарони ҳизбии вилоят, ва бо иштироки намояндагони аҳли адабу маърифати Самарқанд чун Садриддин Айнӣ, Абдулқаюми Қурбӣ, Сайид Ризо ва дигар равшанфикрон мулоқоте баргузор мегардад. Мавзӯи асосии  махсус барои  ташкили рузномаи тоҷикӣ эълон мегардад. Аз ҷумла, бо назардошти он, ки рӯзнома бояд номи паҳнкунандаи  фикри заҳматкашони Самарқанд бошад, номи онро “Овози тоҷики камбағал” муқаррар менамоянд ва моҳи августи соли 1924 ба хонандагони муштоқи тоҷик пешкаш мешавад. Устод Садриддин Айнӣ дар нашри аввали ин рӯзнома дар мақолаи худ, чунин мегӯяд “ Ҳар қавме, ки рӯзнома надорад, гӯё ки забон надорад, яъне қавми берӯзнома мисли одами безабон аст”.

 Моҳи октяри  соли 1924  Тоҷикистон чун Ҷумҳурии Мухтор дар таркиби Ҷумҳурии Ӯзбекистон эълон мегардад ва 10 декабри ҳамин сол шумораи даҳуми рӯзнома ба табъ мерасад. Мувофиқи пешниҳоди Кумитаи Марказии ҳизб аз рӯзнома калимаи “камбағал”- ро гирифта рӯзномаро бо номи  “Овози тоҷик” эълон намуданд. Ҳамин тавр рӯзномаи вилоятии Самарқанд  ба рӯзномаи ҷумҳуриятӣ табдил меёбад.

 Дар фонди Осорхонаи вилояти Суғд 2 адад бастаи рӯзномаи “Овози тоҷик ” солҳои 1928-1929 нигаҳдорӣ мешавад. Рӯзнома бо алифбои арабасосӣ ва  бо забони тоҷикӣ  (то қабул кардани алифбои лотинӣ) ба табъ расидааст, ки  воқеъа ва ҳодисаҳое, ки дар тӯли 2 сол содиршуда, чоп шудааст. Рӯзнома  дар бораи қаҳрамони миллати тоҷик Нусратулло Махсум ва одамони барӯманди ҳамон давра масалан, Охунбобо Самадов, ки дар шаҳри Хуҷанд дар маҳалаи тӯппидӯзон ба дунё омадааст, аз вазифаи ошпази то котиби масъули кумитаи ҷавонони округи  Хуҷанд таъин шуда буданд, маълумот додааст. Дар рӯзнома хабарҳои иқтисодӣ, иҷтимои, адабӣ фарҳангӣ, ҳаёти  одамон дар деҳот, зиндагии занону духтарон ва хабарҳо аз хориҷи кишварҳо малумот дода шудааст.  Ҷолиби диққат он аст, ки судҳои кушод аз кишварҳои ҳамсоя низ чоп карда шудааст. Барои омӯхтан ва баланд бардоштани савияи дониши мардум дар рӯзномаи мазкур дар ҳафта як маротиба алифбои лотинӣ нашр мегардид. Дар рӯзнома расмҳои (крикатуриявӣ) танқидӣ масалан корпартоии коргарон, интихобот ва расмҳо аз ҳаёт ва фаъолияти коргарон чоп карда мешуданд. Рӯзномаи мавриди назар дар фонд таҳти №98 нигаҳдорӣ мешавад.

Баъдтар бахши тоҷикии нашриёти мазкур номи “Нашриёти давлатии Тоҷикистонро”-ро гирифт. Аввалин китобҳои дарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ, китобҳои илмиву бадеӣ бо забони тоҷикӣ  дар ҳамин нашриёт, ки дар Самарқанд буд, таҳия ва нашр мешуд.

Мудири фонди Осорхонаи вилояти Суғд: Ӯрмонҷонова Адиба      

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОРӯзномаи “Овози тоҷик”
Scroll to Top