Дар адабиёти классикиамон, то он ҷо ки бар мо маълум аст, мафҳуми “забони модарӣ” ба маънои истилоҳие, ки имрӯз дар адабиёти муосир корбурд дорад, мавриди истифода қарор нагирифтааст. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ин мафҳум ба забони тоҷикӣ аз забони русӣ (родной язык) ворид шудааст.
Шоири забардасти тоҷик Лоиқ Шералӣ, ки бо шеъру ҳунари шоирии камназираш дар шаклдиҳии забони адабии тоҷикии нимаи дуюми садаи ХХ саҳми сазовор гузоштааст, ба қавли худаш забони шеърро аз гуфтори дарё ва моҳиёни он омӯхтааст:
Суруд омӯзам аз лабҳои соҳил,
Забон омӯзам аз гуфтори дарё.
***
Шино кардам ба дарё мисли моҳӣ,
Биёмухтам забони моҳиёнро.
Шоири дӯстдоштаи халқ Лоиқ Шералӣ барои офаридани пайкараи зебои забони адабии тоҷикӣ на фақат аз табиат вом мегирифт, балки ба он ҷон низ мебахшид. Аз ин рӯ, вай дар оғози яке аз шеърҳояш гуфтааст:
Ман аз бар мекунам рӯзе суруди обшоронро,
Забон мебахшам охир ман сукути кӯҳсоронро.
Шоири мардумгарову забондӯст ва модарсито, ки ин хислатҳоро аз ӯ гирифтааст, модарашро устоди забон медонад:
Забони мардумӣ омӯхтӣ, на дарси сарфу наҳв,
Ҳам устоди забони ман туӣ модар, туӣ модар.
Маънои байти мазкур таъкид бар он дорад, ки “модар” ва “забон” ду мафҳуми ба ҳам алоқаманданд, ки истилоҳи тозаи “забони модарӣ” аз онҳо сохта шудааст.
Бори аввал устод Лоиқ Шералӣ мафҳуми “забони модар”, ки навъе аз муодилҳои адабии “забони модарӣ” мебошад, дар шеъри “Омӯзгор” ба кор бурдааст:
Омӯхтӣ ба онон соҳибдиливу мардӣ,
Аз шакли курратуларз – расми ҷаҳоншиносӣ.
Аз ҳарфҳои сода – шаҳди забони модар,
Аз байтҳои шоир – ойини дилгудозӣ.
Чунончи аз мазмуни умумии шеъри мазкур ва порчаи фавқуззикри он бармеояд, ки манзур аз таъбири шоиронаи “шаҳди забони модар” ин ҳамон нозукиҳои забони модарист, ки омӯзгор дар мактаб барои шогирдонаш меомӯзад.
Аввалин шеъри комилан ба мавзӯи бузургдошти забони тоҷикӣ навишташудаи шоир “Забони пайғамбарон” ном дорад. Дар қисми зиёди ин шеър, ки 6-уми ноябри соли 1973 таълиф ёфтааст, устод Лоиқ Шералӣ табиатро хеле ҷаззобу дилнишин тавсир карда, дар охир чунин хулоса мекунад:
Соате гар гӯш бидҳӣ,
Бар танини обшорон,
Гарди оташ мерасад
Бар сару рӯят гуворо.
Дар ҳарири резаборон –
Ҷилваи рангинкамон.
Тору пуди обшорон –
Тору пуди ин забон...
Бишнавӣ боре забони тоҷикӣ –
Ин забони шоирон – пайғамбарон,
Оварӣ ёде зи кишту ҳосилат...
Бишнавӣ бори дигар,
Шаҳд ҷӯшад бар лабонат,
Шеър ҷӯшад аз дилат...
Шоири маҳбуб дар ашъораш Қаҳрамони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айниро дар адабиёту фарҳанг устоде медонад, ки забони тоҷикиро ба забони ба меъёрҳои замони нав мутобиқ табдил дод. Дар ин бора дар яке аз бандҳои шеъри озоди “Айнӣ” чунин омадааст:
Чу аз зиндон раҳо гаштӣ,
Хаёлам, нуру фазлу шеър аз зиндон раҳо гардид.
Ба дунё омадӣ чилсола шогирде, к-аз устодиш
Забони мо ба даъватҳои даврон ҳамсадо гардид.
Садояшро ҷаҳон бишнид, Ҷаҳони бекарон бишнид.
Инчунин, дар шеъри озоди “Тиллои Бухоро” низ ба хидматҳои шоистаи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аллома Айнӣ дар рушди забони тоҷикӣ ишораи малеҳ, аммо хеле пуртаъсири шоир ба мушоҳида мерасад:
ва ё бо соҳибони аз забону асли худ мункир,
ки тилло буда асли мазҳабу имону миллатшон...
Барои тоҷикон як махзани тиллои сармад монд,
барои тоҷикон як ганҷи беҳамтои миллат монд,
ки Айнӣ буду осори киромандаш
ва миллатпарвариданҳову савгандаш,
ки садҳо сол тоҷикро
дар ин дунёи ҳоҷатманд
ғанӣ медораду дорову давлатманд!
Як банди “Дилсӯзӣ” ном шеъри сафеди шоир низ ба масъалаи забони модарӣ ва фарзандони ноқобилу бемеҳр, ки онро фаромӯш кардаанду наметавонанд сухан ба забони модарӣ бигӯянд, ихтисос дода шудааст:
Дилам месӯзад
ба модаре, ки
фарзандонаш
забонашро
намефаҳманд,
намедонанд,
аз ёд бурдаанд,
аммо ӯ
бечора
наметавонад
синаашро
аз бун
бибуррад,
ки чаро
ғофил аз ин савдо
шир дод ба онҳо...
Масъалаи хидмати фарҳангу луғатномаҳо дар ҳифзи забони модарӣ низ аз нигоҳи шоири бинишманду ҳамадон дур намондааст. Ӯ дар шеъри сафеди “Ифтихор ва эътироз”, ки ба ҳимояти таъриху фарҳангу адабиёту забони гузаштагонамон бархостааст, баъди накӯҳиши баъзе олимони замон, ки гузаштагонашонро “бехату савод” мегуфтанд, порчаи зеринро меорад:
Як бунёди адаб
қобил нест
«Ғиёс-ул-луғоте»-е биофарад
барои ифтихор,
барои халқ.
Аммо замоне
марди бофарҳанге
дар Ҳинд
бо ҳама бесаводӣ
тадвин кард онро,
то набарем аз ёд
забони модарамонро.
Солҳои ошкорбаёнӣ ва бозсозӣ, ки дар адабиёти муосир низ навъе таҳаввулот ба вуҷуд овард, такони ҷиддие ба эҷодиёти шоирон дод. Шоири ватангарову ватансито шеъри маъруфи “Забонгумкарда”-ро маҳз дар ҳамин давра иншо кардааст. Ин шеър як дастуру раҳнамое барои ҳар як соҳибзабон ба шумор меравад. Қадру аҳамияти ин шеър дар замони мо, ки ҳуҷуми забони фарҳангҳои соҳибқудрат ва истилоҳан “ғолиб” ба забони тоҷикӣ бо фишору фишангҳои аёну ноаён бисёртар эҳсос мешавад, аз гузашта ҳам бештар гаштааст. Дар ин шеър шоир ба натиҷае мерасад, ки аз забони модарӣ дур шудани инсон сабаби тарки ватан кардани соҳибзабон мегардад. Яъне касе, ки ба забони модарӣ аҳамият намедиҳад, омодааст, ки ватанро бо дучоршавии одитарин мушкилоти зиндагӣ тарк гӯяд, ё ба истилоҳ ғами ҷонашро хурда, шаҳрвандии кишварҳои дигарро интихоб намояд. Се банди охири ин шеърро, ки ниёз ба шарҳу тавзеҳи иловагӣ надорад, бароятон ҳамзабонони гиромӣ қироат намоям, беҳтар аст:
Аз тамоми ину он гумкардагон
Зиштрӯтар нест дар рӯи ҷаҳон
З-он ки гум карда забони модарӣ,
Ҳарф гӯяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар доварӣ гум кардааст
Ё умеди сарварӣ гум кардааст.
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Он яке қадри сухангумкардае,
Дигаре боғу чамангумкардае.
Аз забонимодаригумкарда лек
Мерасад рӯзе ватангумкардае...
Дар ду сатри шеъри “Зангӯлаи бедорӣ”, ки 13уми январи соли 1989 эҷод шудааст, шоири миллатдӯст ишорае ба он дорад, ки дар пойтахти кишвар забони миллии тоҷикон унвони забони давлатӣ надорад:
Чун пойтахтатон тахти забон надорад,
забон забони шумо нест.
Хушбахтона, таърих гувоҳ шуд, ки 22-юми июли њамон сол ба забони тољикї дар Тољикистон маќоми забони давлатї дода шуд ва санаи 22-юми июл ҳар сол то соли 2009 Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашн гирифта мешуд, то ин ки бори аввал дар таърихи Истиқлолияти давлатӣ ба забони тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дода шуд ва санаи он ба 5-уми октябр нақл ёфт.
Масъалаи забони модарӣ дар ғазалиёт, рубої, дубайтї ва фардиёти шоир низ ҷо-ҷо мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст.
Дар мақтаи ғазале, ки 14-уми январи соли 1984 навишташудаву бо байти “Бадбахт одаме, ки надорад нишони худ, / Бо ақл барнамекашад суду зиёни худ.” оғоз мешавад, шоир аз тоҷиконе, ки забону ҳамзабони худашонро фаромӯш кардаанд, бо нидои таассуфбор ном мебарад, яъне ҳоли ниҳоят бади маънавии онҳоро баён месозад:
Эй вои тоҷике, ки фаромӯш кардааст
Асли худу забони худу ҳамзабони худ...
Мафҳуми “забони давлатӣ” дар яке аз ғазалҳои соли 1993 навиштаи шоир чунин ба кор рафтааст:
Забони давлатӣ айдун забони модар нест,
Забон забони камону баён баёни камон.
Барои ҳамаамон ошкор аст, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ на танҳо вазъи забони давлатӣ, балки вазъ дар ҳама соҳаҳои зиндагии мардум ниҳоят ба сатҳи паст поён омада буд. Аз ин рӯ, бо тасвири манзараи мудҳиши ҷанг ва муваққатан ба сари қудрат омадани силоҳбадастони нодону бехирад беқадр шудани забони давлатиро шоир дар ин як байт хеле устодона ѓунҷондааст. Аз мазмуни байти яке аз ғазалҳои моҳи январи соли 1994 таълифкардаи шоир маълум мегардад, ки вазъи забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳам нохуб будааст:
Сухан вирди забонҳо буд, имрӯз аз даҳан мондаст,
Забони ноби тоҷикӣ бурун аз анҷуман мондаст.
Дар рубоиёти шоир низ руҷӯъ ба масъалаи забони модарӣ ва таъкиди мақоми он аз вижагиҳои мавзуии ин жанри шеърӣ ба ҳисоб меравад. Шоир дар рубоии зерин бо хитоби пур аз таъкиду ҷидд онҳоеро, ки дар “роҳи соҳибназарон” – “дилогоҳони хештаншинос” рафтанро намехоҳанд, ба “маҳфили бебасарон” – “одамони нисбат ба арзишҳои миллӣ” мефиристад ва забонгумкардагонро аз хоки падарон берун меронад:
Ҳар кас, ки наёфт роҳи соҳибназарон,
Бояд биравад ба маҳфили бебасарон.
Ҳар кас, ки забони модариро гум кард,
Бояст, ки гум шавад зи хоки падарон!
Шоири дар байни форсизабонии олам машҳур – Лоиқ Шералӣ аз соли 1991 то дами марг раиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ буд ва ҳамчун фарди масъул ва шоири фарҳехта дар рушди забони модариаш саҳми шоиста гузошт. Аз ин рӯ, дар хитоб ба онҳое, ки вуҷуди ин Бунёдро нодида мегирифтанд, дар рубоие дурандешона ва бо масъулияти сангин чунин гуфтааст:
Онон, ки нахондед суруди тоҷик,
Ғафлатзадаед аз вуҷуди тоҷик.
Бунёди забони тоҷикӣ худ бошад
Бунёди ҳама буду набуди тоҷик.
Шоир ҳамвора онҳоеро, ки нисбат ба забони модариашон беаҳамиятанду боз бо сари баланд дар сари минбарҳо забонбозӣ мекунанд, дар шеърҳояш мазаммат кардааст. Дар дубайтиҳои шоир, ки мисли рубоиёту ғазалиёти ӯ дар солҳои гуногуни ҳаёташ ба қалам омадаанд, ба масъалаи мавриди назарамон нигоҳи хосе афканда шудааст. Бо муроҷиат ба дубайтиҳои зерин мавриди мазаммат қарор гирифтани забонгумкардагонро ба мушоҳида мегирем:
Ба ақли кӯтаҳат гардан фароз аст,
Дилат холиву ҷонат бениёз аст.
Забони модарӣ гум кардаӣ, лек
Забонат дар забонбозӣ дароз аст.
***
Тараҳҳум з-осмоне чун тавон ёфт?
Тафоҳум бо фулоне чун тавон ёфт?
Ду тоҷик чун забони ҳам нафаҳманд,
Забоне бо ҷаҳоне чун тавон ёфт.
“Забонгумкарда” гуфтани Лоиқ Шералӣ ба касе равона карда мешуд, ки дар солҳои Ҳукумати Шӯравӣ забони модариашро дар баробари забони русӣ, яъне забони умумӣ ва ягонаи халқҳои бародар кам ё комилан нодида мегирифт. Лоиқ Шералӣ ҳеч муқобили омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ набуд, аммо ҳамеша таъкид бар он дошт, ки ҳар як соҳибзабон бояд забони модариашро хубтар аз забонҳои дигар донад, вагарна бо ҳама ҷаҳонгардиву ҷаҳоншиносӣ соҳиби ҷаҳони худ шуда наметавонад. Ба ин маъно дар фардбайте чунин гуфтааст:
То наӣ соҳиби забони хеш,
Нашавӣ соҳиби ҷаҳони хеш.
“Забони модарӣ” яке аз мафҳумҳои ифодагари арзишҳои миллӣ дар ашъори Лоиқ Шералӣ ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки шоир онро “маҷмӯаи тадбирҳои модар медонад, ки бо шир” ба фарзандон интиқол меёбад:
Забони модарӣ бо шири модар
Бувад маҷмӯаи тадбири модар.
Аз ин лиҳоз, назди Лоиқ Шералӣ эҳтиром ба забон баробар аст эхтиром ба модар. Чунки мо ҳама хуб медонем, ки нахустустод ва таълимдиҳандаи забон ба мо модар аст. Шоир дар ин бора фармудааст:
Агар бар модарон ҳурмат гузорем,
Забони модаронро пос дорем!
Дар маҷмӯъ метавон гуфт, ки масъалаи забони модарӣ дар ашъори шоири беназирамон Лоиқ Шералӣ ҷойгоҳи хос дорад. Аз муҳтавои ашъори дар ин мавзӯъ сурудаи шоир маълум мегардад, ки вай дар ҳақиқат баъд аз Қаҳрамонони Тоҷикистон, аллома Садриддин Айнӣ ва шоири ситояндаи сулҳу дӯстии халқҳо Мирзо Турсунзода барои рушди забони тоҷикӣ саҳми сазовор гузоштааст.
Бигзор, барои ҳар яки мо – ворисони ин фарзандони фарзона байти зерини Лоиқ Шералӣ шиори муносибат бо забони тоҷикӣ бошад:
Забони модариро пос дорем,
Ки аз Модар варо мерос дорем.
Мудири шўъбаи дастхатњо ва табъу нашр: И.Туробов