Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Забон-рукни асосии давлатдорӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

                                                                                      

Дар МД МФТ “Хуҷанд Хуҷанд” ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ таҳти унвони “Забон-рукни асосии давлатдорӣ” доир гардид. Чорабиниро омири кулли муассиса Иброҳимов И.С. ифтитоҳ намуда, зикр доштанд, ки “Забони мо бо Истиқлоли ватани мо пайванди ногусастанӣ дорад. Яъне, вақте ки ватани мо озод ва мустақил будааст, забони мо ҳам шукуфо ва истиқлол доштааст ва баръакс. Гузашта аз ин, аз ҳамон ибтидои пайдоиш забон яке аз авомил ва ангезаҳои асосии ҷунбишҳои истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ буд. Барои ниёгони мо мафҳуми Ватан ва забон ҳамеша ҳаммаъно будааст”.

Дар чорабинӣ Фароғат Усмонова - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, Олимҷонов Мӯсо – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии МДТ ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров, Ҳамроқулова  М.– ҷонишини директори китобхонаи оммавӣ-вилоятии ба номи Т. Асирӣ, Раҳматова Шаҳноза – муаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети забонҳои шарқ ва дигар устодону донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забонҳои шарқи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ба номи академик Б. Ғафуров”, омӯзгорони забон ва адабиёти муассисаҳои таълимии ш.Хуҷанд, намояндагони зерсохторҳои Раёсати фарҳанги МИҲД-и вилояти Суғд, намояндагони ВАО ва кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” иштирок доштанд.

Маърузачиён дар мавзӯъҳои “Забони давлатӣ-шиносномаи миллат” –Усмонова Фароғат - мутахассиси пешбари маркази илмӣ-методии Раёсати фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, “Пешвои миллат ва сиёсати забон дар Тоҷикистон” -  Олимҷонов Мӯсо – номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикии факултети филологияи тоҷики Муассисаи давлатии таълимии “ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”, “Вожаҳои нодир дар сарчашмаҳои ирфонӣ” – Ҳамробоева Мавзуна – ҷонишини директори китобхонаи оммавӣ-вилоятии ба номи Т. Асирӣ, “Аҳамияти фарҳангҳо дар ҳифзи захираи луғавии забони тоҷикӣ” – Раҳматова Шаҳноза – муаллимаи кафедраи забони тоҷикии факултети забонҳои шарқ, Туробов Илҳом - мудири шӯъбаи дастхатҳо ва табъу нашри МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” “Забони модариро пос дорем” андешаҳои худро ба самъи ҳозирин расониданд. Инчунин шоир, директори МД “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” – Баҳроми Раҳматзод ҳамагонро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, аз шеърҳои тозаэҷоди худ қироат намуд. 

Ҳамчунин бахшида ба ин ҷашн дар толори пазироии осорхона гӯшаи намоишӣ таҳти унвони “Забони тоҷикӣ – тоҷи забонҳост” созмон дода шуда, дар ин гӯша бастаи рӯзномаҳои “Овози тоҷик” (нашри с.1928 - 1929) бо ҳуруфоти арабиасос, алифбои забони тоҷикӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҷашнгирии Рӯзи забони давлатӣ, номгӯи адабиётҳо оиди забони тоҷикӣ ва маводҳои Файзулло Абдуллозода - забоншинос, Муаллими хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон аз фонди осорхона ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Чорабинӣ бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил гардид.

Аслиниссо Ёдгорӣ

Мудири шӯъбаи оммавӣ-фарҳангӣ ва робита бо ҷомеа

 

 

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОЗабон-рукни асосии давлатдорӣ
Scroll to Top