Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

ФАЪОЛИЯТИ ОСОРХОНАҲО - МУШКИЛОТ, РУШД ВА ДУРНАМО

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади таҳлилу баррасии вазъи фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ ва ба талаботи замони муосири соҳаи осорхонашиносӣ мутобиқ сохтани онҳо семинари илмӣ-омӯзишии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Фаъолияти осорхонаҳо – мушкилот, рушд ва дурнамо” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” низ иштирок доштанд.

Дар кори семинар роҳбарият ва кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон, намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, осорхонаҳои шаҳру  ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд.

Семинар бо иштироки муҳаққиқону осорхонашиносон ва намояндагони осорхонаҳои шаҳру навоҳии кишвар  баргузор гардида, дар мавзӯъҳои зарурати ҷамъоварӣ ва ҳифзи ашёи бостоншиносӣ ва сиккашиносӣ дар осорхонаҳо, фаъолияти фондӣ ва хусусиятҳои мукаммалгардонии он, аҳамияти корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ дар фаъолияти осорхонаҳо ва нақши Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ташкил ва баргузории чорабиниҳои илмӣ -  фарҳангӣ маърӯзаҳои илмӣ ироа гардиданд.

Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода дар суханронии хеш зикр намуданд, ки “дар солҳои истиқлоли давлатӣ ба ташкили осорхонаҳо – ҳамчун махзани ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии ниёгон ва ба намоиш гузоштани онҳо бештар таваҷҷӯҳ зоҳир гардид. Дар робита ба ин, мо ҳамеша хоҳони ҳар чи бештари ҳамкориҳо ва расонидани кӯмакҳои илмӣ – методӣ ва мубодилаи таҷриба бо осорхонаҳои кишвар ҳастем. Бояд мо ҳама якҷо барои бартараф намудани мушкилиҳои соҳа кӯшиш намоем. Ҳарчи бештар дар иҷрои рисолати касбии худ – нигоҳдорӣ ва муаррифии ёдгориҳои пурарзиши таърихӣ саҳмгузор бошем”.

Инчунин роҳбарияти осорхона пешниҳод намуданд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда, кӯшиш менамоянд, ки ба осорхонаҳои кишвар ҳамеша кӯмакҳои илмӣ-методӣ расонанд. Осорхона имкон дорад, ки мақолаҳои таҳиянамудаи кормандони осорхонаҳои кишварро дар шумораҳои ахбори Осорхонаи миллӣ ба таври ройгон нашр намояд. Дар самти тармим ва таҳкими нигораҳо низ кӯмакҳои худро ба осорхонаҳои кишвар мерасонанд.

 Зикр гардид, ки осорхонаҳои қаламрави ҷумҳурӣ метавонанд, ба таври ройгон дар фурсатҳои муносиб намоишҳои муваққатии ашёҳои таърихӣ, санъати тасвирии коллексияи осорхонаҳои худро дар пойтахти кишвар дар толорҳои намоишии осорхонаи миллӣ, ташкил, ифтитоҳ ва манзури меҳмонони пойтахт гардонанд.

Дар охири семинар оид ба мушкилот, рушд ва дурнамои фаъолияти осорхонаҳои ҷумҳурӣ миёни иштирокчиёни семинар муҳокима ва табодули афкор ҷараён гирифт.

Иштирокчиёни семинар аз толорҳои намоишии шӯъбаҳои экспозитсионии Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти осорхонаи марказии кишвар аз наздик шинос гардиданд.

Баргузории семинари мазкур дар самти пешрафти соҳаи осорхонашиносӣ қадами бузурге ба ҳисоб меравад, ки таваҷҷӯҳи хосаи масъулинро нисбати кори осорхонаҳо аён месозад. Алҳол дар ин самт муаммо, камбудиву норасогиҳо хеле зиёданд. Кормандони осорхонаҳоро зарур аст, ки камбудиҳоро ошкор намуда, барои ислоҳи он корбарӣ намоянд. Аз ин лиҳоз, ташкил, баргузорӣ ва иштироки мунтазам дар семинару чорабиниҳои гуногуни соҳаи осорхонашиносӣ ба манфиати кор аст.

Аслиниссо Ёдгорӣ

Нодира Олимова

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОФАЪОЛИЯТИ ОСОРХОНАҲО - МУШКИЛОТ, РУШД ВА ДУРНАМО
Scroll to Top