Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

МУСТАХОРА

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Зарф, маҷмӯи ашёи рӯзгор, ки барои пухтан, хӯрдан ва нигоҳ доштани мавод истифода мешаванд. Инсоният аз қадим намудҳои гуногуни зарфро истифода мекунад. Ибтидо зарфҳо аз гил, ки ҳам дастрас ва ҳам ба гармиву намӣ тобовар аст, сохта мешуданд.

Бостоншиносон теъдоди зиёди зарфҳои сафолиро дарёфт кардаанд, ки аз қадимӣ ва ҷаҳонӣ будани ҳунари кулолӣ шаҳодат медиҳанд. Яке аз чунин зарфҳо мустаҳора ба ҳисоб меравад. Аз рӯи маълумоти Билолов А.И-корманди хурди илмии Институти таърих, археология ва этнографияи Академияи Илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи А.Дониш аз асри VI то милод ва асри Х милодӣ истифода бурда мешуд.

    Аз рӯи маълумотҳо мустаҳора барои интиқол додани об ё маводҳои моеъ аз як мавзеъ ба мавзеи дигар тариқи ҳайвоноти боркашон қулай ва васеъ истифода мешуд.

Мустаҳора зарфи гилин буда, шаклан мудаввари як қисмаш ҳамвор  мебошад. Гардани мустаҳора борики кӯтоҳ буда, барои нигоҳ доштану ва гирифтани об ва барои ташнашиканӣ дар сафар истифода бурда мешуд. Тарафи ҳамвори мустаҳора барои қулай истодан мувофиқ буд. Дар ду канори мустаҳора гӯшакҳо ,сӯрохиҳо мавҷуд буданд, ки барои гузаронидани ресмон ва овеза намудани зарф ба камарбанду,зини асп истифода бурда мешуд. Рӯй ва атрофи баъзе мустаҳораҳо  даврашакл  ороиш дода мешуданд. Чунин зарфҳо одатан хурду калон буда,аз ҷониби кулолгарон сохта мешуданд.Дар фонди осорхонаи таърихии вилояти Суғд зиёда аз 10 адад мустаҳора мавҷуд аст. Дар толори “Таърихи тамаддуни тоҷик”- и Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар мавзӯи “Ҳайтолиён ”намудҳои гуногуни мустаҳораҳо ба намоиш гузошта шудааст.

                                   Мирзоева И.-корманди илмии шӯъбаи фонд

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОМУСТАХОРА
Scroll to Top