Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Аз таърихи ҳунари кулолгарӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

Яке аз қадимтарин кашфиёти ҳунарии инсон сафол аст, ки он дар натиҷаи ҷустуҷӯйҳои таҷрибавии зиёд барои зарурияти рӯзгор дастрас гардидааст.

Олотҳои сафолӣ намунае, аз ихтирооти зеҳнӣ ҳастанд, ки маҷмӯи онҳо дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд нигаҳдорӣ мешаванд. Ин маҷмӯа шомили қадимтарин намунаҳои мутаалиқ ба ҳазораи ҳафтум пеш аз милод то замонаи мо буда, ки аз минтақаҳои мухталифи кишварамон ба даст омадааст.

Кулолӣ - ин соҳаи ҳунармандӣ, як навъ санъати ороишию амалӣ, усули коркарди бадеии гил мебошад. Кулолгарӣ аз давраҳои қадим дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт: рӯзгордорӣ, сохтмон, хайкалтарошӣ ва санъати ороишию амалӣ маъмул аст.  Аз гили махсус тайёр кардани зарфҳоро одамон ҳанӯз дар давраи неолит ҳазораи VI то мелод аз худ карда буданд. Намунаҳои сафол дар ҷойҳои зисту зиндагонии ниёгони халқи тоҷик Таҳористон, Суғд, водиҳои Вахш, Фарғона дида мешавад, таҳқиқ шудаанд.

Сафолоти асрҳои V-VIII мелод аз ҷиҳати нақшу нигор нисбат ба сафолоти давраи Қӯшониён паст буд. Вале дар ин давра сифати маснуотҳои кулолгарӣ хеле вусъат ёфта буд.

Пас аз истилои муғул санъати кулолӣ рӯ ба таназзул ниҳода, минбаъд дар асрҳои XIV-XVII боз аз сари нав ривоҷ ёфта, ба пояи баланди инкишоф расид. Зарфҳои асосии ин давра - зарфҳои рӯзгор ба ҳисоб мерафт. Кулолгарон ҳангоми сохтани зарф барои пурдоштию боқувватӣ ба гил пари парранда, пашм ва варақсанг ҳамроҳ мекарданд. Истифодаи кошии луобӣ хиштҳои сирдор аз рушду камолоти санъатӣ пардоздиҳӣ шаҳодат медиҳанд.

Дар асри XIX намуди зарфҳои паҳнрӯяю ҳамвор маъмул гардид,
ки онҳо аз дарун ва қисман аз берун ороиш дода мешуданд. Марказҳои асосии кулолгарии ин давра шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Риштон, Қаршӣ, Кӯлоб, Ғиждувон, Шаҳрисабз, Хуҷанд, Исфара, Чоркӯҳ, Конибодом, Истаравшан ва инчунин баъзе ноҳияҳои Помиру Қаротегин буданд. 

Нақшу нигори кулолгарии ноҳияҳои шимолии Тоҷикистон аз дигар мавзеъҳо фарқ мекард. Дар осори кулолгарии шимоли Тоҷикистон нақшҳои геометрии сирдавондашуда ва якқатор нақшҳои гуногуни морпеч, хати шикаста ва рангҳои зебои гули довудӣ, савсан, лола, анор, дида мешавад.

Дар Осорхонаҳои МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” қисмати зиёди нигораҳоро ҳунари кулолгарӣ ташкил медиҳанд; ба монанди хумҳо, кӯзаҳою обдастаҳо, ашёҳои рӯзғор ва ғайраҳо. Чунин зарфҳои гилин дар ҳар як толорҳои намоишии осорхона гузошта шудаанд.

Айни ҳол дар рафти корҳои барқарорсозии “Қалъаи Хуҷанд” аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон, вилояти Фарғона шаҳраки Риштон барои ба роҳ мондани истеҳсоли зарфҳои кулолгарӣ тасфолакҳо бо нақши миллӣ ҳунармандон даъват шуда, бо самар фаъолият бурда истодаанд. 

Олимова Н. – ҷонишини омир оид

                          ба корҳои илмии осорхона

 

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲОАз таърихи ҳунари кулолгарӣ
Scroll to Top