Бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи таърихии вилоятии МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” толори намоишӣ таҳти унвони “Эъҷози рассомони даврони Истиқлолият” ифтитоҳ гардид.
Ин толор бо истифода аз мусаввараҳою ҳайкалчаҳо ороиш ёфта, ҳамчунин бахшида ба “Рӯзи китоб” китобҳои чопи сангӣ, ки ҳар яке таърихи зиёда аз сад сола доранд, аз коллексияи фонди осорхона ба намоиш гузошта шудаанд.
Истиқлолият ҳамчун рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати таърихан қадимаву сарбаланди тоҷик моро вазифадор менамояд, ки барои ободиву сарсабзии кишвари азизамон содиқонаву аҳлона меҳнат кунем ва карзи фарзандии худро дар назди Ватан ва мардуми Тоҷикистон сарбаландона ба ҷо оварем.
Маҳз истиқлолият имконияти таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.
Дар давоми си соли Истиқлолият бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо таҳкурсии давлати соҳибихтиёриамонро гузоштем ва ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шурӯъ намудем.
Бигзор ҷашни Истиқлолият ба кишвари мо шукуфоӣ, пешравии ҳамаҷониба ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон саодату пирӯзии комил оварад.
Ҳамеша сарбаланду хонаобод бошед!