Мардуми тоҷик аз қадим дӯстдори илму китоб будаанду ҳастанд. Шахси бофарҳанг ҳамсари академик Нӯмон Негматов Негматова Маҳбуба ба Осорхонаи таърихии вилояти Суғди МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” китобхонаи шахсӣ ва бойгонии академикро супориданд.
Қайд кардан бо маврид аст, ки академик Нӯъмон Неъматов (1927-2011) яке аз олимони забардаст ва номдори кишвар, бостоншиноси барҷаста, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмонии кишвар, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд буданд, ки дар эҳёи таърихи миллат, барқарор намудани мақом ва манзалати он саҳми арзанда гузоштаанд.
Дар он номгӯи зиёди китобҳои илмӣ, бадеъи, рӯзнома ва ҳисоботҳои корҳои саҳроии бостоншиносӣ аз солҳои 50-уми асри ХХ-и академик Нӯмон Негматов ва дигар олимону академикони номдор мавҷуд аст.
Кормандони илмии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд барои ин амали хайр ба ин шахси фарҳангдӯст ва хештаншинос изҳори миннатдорӣ менамояд ва дар оянда умед доранд сафи чунин шахсони соҳибмаърифат зиёд гашта барои муаррифии таъриху фарҳанги миллати тоҷик нақши бузург мегузорад.
Дар охир метавон гуфт, ки ин сарчашмаҳо аз арзишмандтарин манбаи илмӣ буда, дар рушди таъриху фарҳанги халқи тоҷик нақши муҳим мебозад.