Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Ҳуҷҷати ақди никоҳи суғдӣ

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

     Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбуёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муққаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад.

    Оила дар ташаккули шахсияти инсон аҳамияти аввалиндараҷа дошта, нахустин зинаи иҷтимошавии шахс ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин муҳит фард аз нишонаҳои аввалини ҳаёти иҷтимоии ҷомеа хабардор гашта, ба низоми муносибатҳо ворид мегардад.

    Олимон пайдоиши оиларо ба даври ҷамъияти ибтидоӣ мансуб медонанд. Доир ба мақоми ҷамъиятии оила асарҳои зиёде таълиф шудаанд. Мавзӯи оила ва оиладорӣ ҳамеша диққати олимон ва давлатдорони ҳар давру замонро ба худ ҷалб менамуд. Ин мавзӯи муҳими ҷамъиятӣ дар баъзе намунаҳои мероси таърихию фарҳангии тоҷикон инъикос ёфтааст. Бозёфтҳои қалъаи Муғ аз ҷумлаи ёдгориҳои муҳими таърихӣ мебошанд, ки дар қисме аз онҳо муносибатҳои оиладории суғдиён дар асри VIII дарҷ гаштааст.  Яке аз он ҳуҷҷати ақди никоҳ мебошад, ки бисёр ҷолиби диққат аст.  Аҳднома дар чарм навишта шуда, ҳаҷми он 11,5-13,5/5 мебошад. Ҳуҷҷат дар шакли санади ҳуқуқи навишта шуда, дар он уҳдадориҳои асосии издивоҷкунандагон нисбат ба якдигар сабт шудаанд. Инчунин созишнома дар сатҳи хеле хуб масъалагузорӣ шуда, дар он сана, макон, нишонаҳои тарафайн, ашё ва шартҳои додугирифт, шоҳидон дарҷ ёфтаанд. Ақди никоҳ дар таърихи 25 марти соли 710 баста шудааст. Дар ин ҳуҷҷат асосан уҳдадориҳои шавҳаршаванда нисбат ба арӯс дар назди падари арӯс сабт гаштааст. Шавҳар ӯҳдадориҳои худро оиди нафурухтан, ба ғуломӣ надодани зан иброз кардааст. Яъне дар созишнома зиёдтар ҳуқуқҳои зан мавриди  ғамхорӣ ва пуштибонӣ қарор гирифтааст. Аз лиҳози ҳуқуқи бошад, созишнома дар сатҳи хеле баланд масъалагузорӣ шудааст.

      Албатта, барои омӯхтани вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсию мадании инсоният ҳуҷҷатгузорӣ мақоми махсус дорад, зеро ҳуҷҷат санади муҳими таърихӣ- ҳуқуқӣ ҳисоб меёбад. Кашфи ҳуҷҷатҳои кӯҳи  Муғ, ки бозёфти бемисли даврон ҳисоб мешуд, роҷеъ ба маданияти моддию маънавии ниёгони мо суғдиён бори аввал маълумоти муфассал доданд. Хусусан, хондани дастхати ақди никоҳ, ки ҷузъиёти пурраи он дар бораи хусусияти маданияти оиладорӣ, ҳуқуқҳои издивоҷкунандагон маълумот медиҳад, санади хеле муҳими таърихи ва ҳуқуқӣ мебошад, зеро он бори дигар исбот кард, ки ниёгони мо ба муносибатҳои оиладорӣ диққати ҷиддӣ дода, танзими оиларо зарурати муҳими ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷомеъа медонистанд.  Дар Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, дар толори ”Таъриху тамаддуни тоҷикон” дар даврабандии таърихии “Панҷакенти ибтидои асри миёна”  нусхаи хуҷҷат дар бораи ақди никоҳ ба маърази тамошобинон гузошта шудааст.

 

 

 Роҳбалади Осорхона таърихии вилояти Суғд:     

                          Сайфиева Шарифа                                                      

                                                                           

 

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Ҳуҷҷати ақди никоҳи суғдӣ
Scroll to Top