Тоҷикӣ    Русӣ       English 

ТОҶИКӢ РУСӢ

Тоқиҳои тоҷики

User Rating:  / 1
PoorBest 
Самые новые шаблоны Joomla на нашем сайте.
Красивые Шаблоны Joomla 2.5

 

   Тавре, ки маълум аст, тоқи (тӯпи) як навъ каллапӯши махсуси мардумони Осиёи миёна ба шумор меравад. То ҷое, ки мо медонем, кулоҳ на танҳо каллапӯш буд, балки ҳанӯз дар замонҳои қадим маъниҳоеро ифода намуда вазъи иҷтимоии одамонро муайян месохт. “Тӯпи”- луғати тотори буда, маънояш “тюбе”, “тепа” яъне боло, баландист. Дар аввал   кулоҳ ба шакли мудаввар ё нӯгтез аз порчаи матои росткунҷа бо нақшу нигори сӯзанишуда ва ё як қатор чок  дӯхта шуда буд. Дар гузашта чунин кулоҳҳо ва сарпӯшҳо як маҷмӯи сарпӯшҳо буданд. Аввалҳо миёни мардумони эрониасл маълум буд  ва  баъдан  туркнажодон тоқиро  ба бар карданд.  Дар Русия нахустин  бор, ҳангоме ки хони  тоторҳо ба ашрафон мутеъшудаи рус чун  рамзи ҳокимият – барчасп (ёрлиқ) тоқиро тақдим кард, яъне пас аз қарни XIII пайдо шуда бо пиндоштҳои диниву сеҳргарӣ пайвастагӣ дошт.

     Тибқи ақоиди мо қабл на ба занҳо ва на ба мардҳо иҷозаи сарлуч гаштан дода мешуд, ин чиз хилофи русум ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин мавхумоте ривоҷ ёфта буд, ки мутобиқи он миёни сарнавишти инсону мӯи сари ӯ  вобастагии сеҳромезе вуҷуд дорад ва кулоҳ гӯё аз қувваи эминдори бархурдор аст. Барои мардҳо бошад, сари дастархон сарлуч нишастан гуноҳи азиме ҳисоб меёфт.

   Инсон аз замонҳои қадим кӯшиши мекард,  худро ба ҳар гуна мафҳумҳои тасаллибахши амниятӣ таъмин созад, то ин ки аз ҳавфу хатар,  деву аҷина, мусибату бадбахтиҳо ва амсоли инҳо нигоҳ дорад. Мардум нисбати мӯи сар бо эҳсоси махсус рафтор мекардрнд. То замонҳо  начандон дур миёни мардумони Осиёи Миёна чунин ақида устувор буд, ки  дар байни мӯйҳо қисме аз ҷон ҷойгӯзин аст ва аз ин рӯ бояд эҳтиёт шавад.

 Дар баъзе маҳалҳо чунин ақида мекарданд, ки гӯё худо аз боло назорат бурда истодааст ва тоқиҳои гулдор гуноҳи онҳоро рӯйпӯш мекарда бошад, бинобар ин ҳам мардҳо ва ҳам занҳо тоқиҳои гулдор мепӯшиданд.

Дар айёми мо низ чи марду чи зан аз  он истифода мекунанд. Агар дар гузашта кулоҳҳои ба хубӣ музайаншудаву  аз маводи пурқимат таҳиягаштаро барои сарватмандон ихтисос медоданд, мардуми оддӣ кулоҳҳои аз матоъҳои арзон дӯхташудаву беороишро мепӯшиданд.

    Тоқиҳои тоҷикӣ дорои нақшу нигор ва шаклҳо мухталифанд. Онҳо ба навъҳои мардона, занона ва кӯдакона тақсим шуда, аз рӯи ороиш ба маҳалҳо ҷудо мешаванд. Дар фонди осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” коллексияи тоқиҳои тоҷикии мардона, занона ва бачагона, ки зиёда аз 100 намуди он мавҷуд буда, тамоми маҳалҳои диёри моро муаррифӣ мекунанд. Тоқиҳо ба амсоли аждаҳорнусха, зерисаллагӣ, тоқиҳои аввали асрҳои XX ва бо ҳуруфи арабиасос навишташуда, чуст ва  зардӯзӣ, ки дар китобҳои воридотӣ сабт гардидаанд ҳифз ва нигаҳдорӣ карда мешаванд.

Бештари тӯппиҳо дар маъхази осорхона мавҷуд буда, маҳсули кори ҳунарманди варзида Қутфинисо Рофиева мебошанд. Маҳсули кори Қутфинио Рофиеваро соли 2014 аз додарашон ба осорхона дастрас кардаанд.   Чил адад тоқиҳо ва тоқиҳои нимтайёри он кас, номи маъмултарини онҳо “садбарг”, “бодомча”, “ироқӣ”, “лола” “чамангул”ва ғайраҳо дар зери таҳти :№ 3169 сабт гардидаанд  ва як чанд маротиба ба пешбини тамошобинон гардидааст.

 Соли 2019 аз сокини шаҳри Хуҷанд Зокирова Марҳабо тоқии ироқии  “бодомча” дастрас гардид. Ҳолати тоқӣ хуб буда бо риштаҳои рангоранг ва хело нафис гулдӯзӣ карда шудааст, ки кас аз дидани ин тоқӣ ҳаловат мебарад.

Намунаҳои тоқиҳои қадимае, ки дар фонди осорхона мавҷудбуда ба  ҳунармандон барои гулдӯзӣ тоқиҳо, дастрас мебошад ва онҳо метавонанд аз нақшҳои пештара  нусхабардорӣ намоянд.

Мавриди тазакур аст, ки бо мақсади ҳарчи бештар ҷамъ намудан, омӯзиш ва нигоҳ доштани либоси тоҷикон, аз ҷумла тӯппии онҳо, ғанӣ гардонидани фондҳои осорхонаҳо ва муаррифӣ намудани таъриху маданияти тоҷикон ба меҳмонони ватаниву хориҷӣ, бояд сафарҳои илмии этнографӣ ташкил намуда, ҳарчи зудтар осори фаромӯшшудаистодаи ниёгонро ҷамъ овардан зарур аст.

 

Мудири шӯъбаи маъхази осорхона

Ӯрмонҷонова Адиба

Игровые шаблоны DLE
Самая быстрая Диета

Шарҳ додан


Security code
Нав кардан

You are here: HomeХАБАРҲО Тоқиҳои тоҷики
Scroll to Top